formula
Саодат Анварӣ торти тобагӣ мепазад
23.03.2024
Рустам
655

Саодат Анварӣ 28-уми сентябри соли 1994 дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (собиқ ноҳияи Колхозобод) ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова гирифтааст. Яъне, ин ҷо ҳам илм меомӯхт ва ҳам аз нозукиҳои рақси балет огоҳ мешуд.

Пас аз хатми Коллеҷи хореографӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе супорида, тӯли чор сол дар шӯъбаи сурудҳои академӣ таҳсил намудааст. Маълумоти сеюмашро дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия, дар риштаи менеҷмент гирифтааст. Айни ҳол дар ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият дорад. Сӯҳбати имрӯзаи мо бо ин бонуи ширинсухан оиди ҳунари кадбонугӣ доштани ӯ манзури шумо мегардад.

- Салом Саодатбону. Сараввал бигӯед, ки хушбахтиро дар чӣ мебинед?
- Вақте инсон дар оила бо волидонаш хушбахт аст, ба фикрам дигар хушбахтие аз ин беш буда наметавонад.
- Шуғли дӯстдоштаатон ҳангоми бекорӣ?
- Пухтани шириниҳоро дӯст медорам.
-Ширинӣ боиси фарбеҳ гаштани инсон мегардад, аз фарбеҳ шудан наметарсед? Бар заммин ин, табибон мегӯянд, ки ширинии зиёд ба саломатӣ зарар дорад.
-Шириниро барои аҳли оила мепазам, вале аз фарбеҳ шудан наметарсам. Ҳама чиз андоза дорад, шириниро ҳам аз ҳад зиёд истеъмол кардан лозим нест.
-Бештар кадом навъи шириниро мепазед?
-Торту кулчақанду пирогу қандинаҳои гуногун.
-Барои мухлисон кадом навъи ширинӣ мепазед?
-Торти “Наполеон”-и тобагӣ.
-Магар ин навъи тортро дар тоба ҳам пухтан мумкин аст?
-Бале, ин як роҳи содаву хеле осон аст, ки дар давоми як соат торти сабуку хеле хушмазза пухта мешавад.
-Марҳамат, ошхонаи “Оила” дар ихтиёри шумост.                                                          
-Барои пухтани торти мазкур маҳсулоти зерин лозим аст:                                       
1 стакон шакар, 3-4 стакон орд, 8 дона тухм, 2 қошуқ равғани маска,
1/2 қошуқча сода, каме намак, 1 л шир, 1 қуттӣ равғани маска, 1 стакон шакар.

Тарзи таҳия: 

Тухму шакар, равғани мулоимшудаи маска, сода ва каме намакро бо миксер лат мезанем. Ба хамир чор истакон орд илова карда, ним соат нигоҳ медорему пасон онро ба 15 зуволача тақсим мекунем. Ҳар як зуволачаро тунук карда, дар даруни тоба, дар оташи паст на зиёдтар аз 4 дақиқа мепазем. Барои малҳами торт панҷ дона тухмро бо як стакон шакар лата зада, як литр шир илова карда, меҷӯшонем. Малҳамро аз рӯи оташ гирифта, ванилин илова мекунем. Ба малҳами хунукшуда як қуттӣ равғани маска андохта, бо миксер лат мезанед ва ба қабатҳои пухташудаи торт молида, болои ҳам мечинем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД