Солҳои охир шумораи гирифторони иллатҳои гуногуни рӯда дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Табибон бар он назаранд, ки аксари бемориҳои рӯда, аз ҷумла саратони рӯдаи ғафс аз риоя накардан ба реҷаи дурусти хӯрокхӯрӣ ва истеъмоли хӯрданиҳои зараровар пайдо мешаванд.
Саратоншиноси машҳури рус Елизавета Василева дар суҳбат бо “Газета.Ru” дар бораи робитаи ғизо бо саратони рӯда маълумот додааст. Бо мақсади пешгирии саратони рӯда дар байни мардуми тоҷик мо он муҳовараро бо забони тоҷикӣ тарҷума намудем ва инак онро пешкаши шумо-хонандагони азиз мегардонем.
Фастфуд - заҳре, ки хурду калон дӯсташ медоранд
Аксари одамон истеъмоли хӯрокҳои гуногуни тезтайёр - фастфуд, бутерброд бо ҳасиб ё гӯшти хушк ва консервҳои гуногунро дӯст медоранд. Аз чӣ бошад, ки ин намуд хӯрданиҳои барои саломатӣ зарарнок ба назари одамон бисёр бомазза намуда, бо шавқу завқи зиёд онҳоро истеъмол менамоянд.
Ин тоифа фикр мекунанд, ки байни хӯроки нисфирӯзӣ ва шом хӯрдани чанд бутерброд натанҳо шиддати гуруснагиро мешиканад, балки ба тану ҷони инсон қуввату нерӯи тоза зам мекунад. Аммо дар як асл ин танҳо як хаёлоти хом ва фиребанда буда, хӯрокҳои тезтайёр боиси фарбеҳию равған гирифтани бадан мегарданд, гузашта аз ин, мушкилоти дигари ҷиддеро ба вуҷуд оварда метавонанд. Дар таркиби хӯрокҳои тезтайёр, ҳасиб, консервҳо ва дигар маҳсулоти фаврӣ иловаҳои хушбӯй ва консервантҳои зиёде мавҷуданд, ки бархе аз онҳо ба организми инсон таъсири канцерогенӣ доранд.
Аз ҷумла дар таркиби гамбургер, чизбургер бо катлетҳои боллазати бирёншуда, соусҳои гуногун, майонез, қандинаю тортҳои рангоранг равғане вуҷуд дорад, ки онро “трансжир” меноманд.
“Зарари асосии равғанҳои транс дар он аст, ки ба зудӣ ҳазм намешаванд. Онҳо дарҳол ба манбаи мукаммали энергия табдил наёфта, муддати тӯлонӣ дар хун гардиш мекунанд, дар натиҷа сатҳи холестирин баланд шуда, хатари сар задани атеросклероз ба миён меояд. Гузашта аз ин, дар бадан ҷамъ шуда,ин моддаҳои зараровар бемориҳои илтиҳобиро дар узвҳои ҳаётан муҳим, пеш аз ҳама дар рӯдаи ғафс ба вуҷуд меоранд. Таҳқиқоти зиёди клиникӣ нақши фоҷиавии равғанҳои трансро дар рушди илтиҳоби музмин ва баъдан раванди онкологӣ, ки ба ҳуҷайраҳои рӯда таъсир мерасонанд, тасдиқ карданд,”- гуфтааст саратоншиноси рус Елизавета Васильева.
Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ меъёри бехатари истеъмоли ҳаррӯзаи равғанҳои трансро барои сокинони шаҳрҳои муосир тавсия медиҳад: на бештар аз 2 г дар 2000 калория. Ин маънои онро дорад, ки шахс метавонад дар як рӯз танҳо як хот-дог бихӯрад ва боқимондаи ғизо бояд аз хӯришҳои сабзавотӣ, гӯшти буғпаз ё дар об пухташуда, гӯшти парранда ё моҳӣ иборат бошад.
Консерва ва ҳасиб хӯрем ё нахӯрем?
Тавре ки саратоншиноси рус Елизавета Василева зимни суҳбат бо “Газета.Ru” гуфтааст, консерваҳои гӯштӣ, ҳасиб ва гӯшти дуддодашуда ба саломатии инсон зарари зиёде дорад, махсусан ба рӯдаҳо.
"Хӯрокҳои коркардшуда ба саломатӣ қариб, ки ягон фоидае надоранд, зарарашон бошад, хеле зиёд аст. Аммо аксари истеҳсолкунандагони гӯшт дар бораи канцерогенҳои хатарнок, ки ба ҳуҷайраҳои солим зиён мерасонанд, чизе намегӯянд. Ҳасиб ва консервҳои дӯстдоштаи мо метавонанд дорои як қатор моддаҳо - акриламидҳо, нитрозаминҳо ва пероксидҳо бошанд, ки боиси мутатсия дар ҳуҷайраҳои солим мегарданд ва ба пайдоиши варамҳои саратон дар рӯдаҳо ва меъда мусоидат мекунанд.
Луобпардаи ин узвҳо ба канцерогенҳо хеле ҳассос аст, аз ин рӯ, ман ҳамчун табиби саратоншинос тавсия медиҳам, ки ба хотири ҳифзи саломатии худ одамон истеъмоли ғизоҳои носолимро камтар кунанд,” - ҳушдор додааст саратоншинос Елизавета Василева.
Хӯрданиҳое, ки ба саломатӣ фоида доранд
Онкологи рус инчунин дар бораи ғизои солим ақидаи худро баён карда, хӯрданиҳоеро тавсия додааст, ки рӯдаҳои инсон " хеле дӯст медоранд".
Ба қатори чунин ғизо хӯришҳои сабзавотӣ бо карам, помидор, қаламфури булғорӣ, кабудӣ, равғани зайтун (аз кислотаҳои фоиданоки омега-3 бой), моҳӣ ва гӯшти буғпаз дохил мешаванд. Ин навъи ғизо ба одамон имкон медиҳад, ки аз хатари пайдоиши шакли хатарноки саратон - саратони рӯдаи ғафс пешгирӣ намоянд", - хулоса кардааст табиб.