Сарояндаи “шоҳи сурудҳо”
108

Сарояндаи шинохтаи тоҷик Беҳрӯзи Наимҷон солҳост, ки бо эҷоди таронаҳои ҷаззобу дилнишин миёни дӯстдорони савту наво маҳбубият пайдо кардааст. Ӯ бештар дар жанрҳои мусиқии суннатӣ месарояд ва ба матнҳои классикӣ оҳангҳои марғуб эҷод мекунад. Беҳрӯзи Наимҷон ҳамчун шашмақомсаро низ шинохта шудааст. Ӯ донандаи илми мусиқии классикии тоҷик - Шашмақом буда, онро бо маҳорати хос иҷро менамояд.

Ин навбат мо бо ин сарояндаи хушовоз доир ба ҳаёту фаъолияти эҷодияш ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдааш манзуратон мегардад.

- Шумо дар оилаи сарояндаи маъруфу маҳбуб, Ҳофизи халқии Тоҷикистон устод Наимҷон Маҳкамов ба камол расидаед. Мегуфтед, ки то чӣ андоза муҳити хонавода ба интихоби роҳи ҳунарии шумо таъсир расонд?

- Аз кӯдакӣ дар фазои мусиқӣ ба воя расидаам ва аз садои марғуби оҳангу таронаҳои падар баҳраҳо бурдаам. Чаҳорсола будам, ки дар дилам меҳри мусиқӣ пайдо шуд. Асбобҳои мусиқии падарро гирифта, кӯдакона менавохтам. Баъдан аз 7 солагӣ дар мактаби мусиқӣ таҳсил карда, рубобнавозиро омӯхтам. Сипас, дар Ансамбли наврасон, ки дар назди Ансамбли давлатии «Шашмақом» фаъолият мекард таҳсил намудам. Он ҷо устод Шӯҳратҷон Эргашев ба мо дарс мегуфтанд ва мо тӯли чаҳор сол хондам. Пас аз он ба мактаби шашмақоми назди Академияи мақом дохил шуда, тӯли панҷ сол таҳсил кардам. Баъдан таҳсиламро дар Консерваторияи миллӣ идома додам. Дар Академия илми шашмақомро омӯхтам ва дар Консерватория асбоби танбӯрро аз худ кардам. Фаъолияти кориямро аз Ансамбли давлатии Шашмақом оғоз кардам. Ҳоло муаллими мақоми Ансамбли давлатии Шашмақом ҳастам ва зиёда аз 15 сол аст, ки фаъолият дорам.

- Аз фарзандон танҳо шумо овозхон шудед ва умуман киҳо домони пешаи волидонро гирифтанд?

- Мо дар оила панҷ фарзандем. Калониамон Ҷамшед Маҳкамов мебошанд, ки солҳои тӯлонӣ ҳамчун овозхон фаъолият доранд ва ҳамзамон мутриби падар ҳам буданд. Бародари дуюмам Равшан Маҳкамов хатмкардаи Консерваторияи миллӣ буда, овозхон ва мутриб ҳастанд. Бародари дигарам Шуҳрат Маҳкамов дар айёми ҷавонӣ ба навохтани ғижжак машғул буд, вале бо тақозои замон ҳоло дар соҳаи дигар фаъолият доранд ва ҳамчун муҳандиси алоқа кор мекунанд. Ҳамин тавр, муҳити хонавода, муҳаббат ба санъат ва ҳузури пайвастаи мусиқӣ дар зиндагии мо боис шуд, ки роҳи ҳунарро пеш гирем.

- Ҳар як таронаи падаратон Наимҷон Махкамов аз қалби дӯстдорони савту наво ҷой гирифтаасту мегирад ва фикр мекунам дар ягон давру замон ба қавле аз мӯд намеравад оё таронаҳои устодро бозхонӣ кардаед?

- Ман бисёр сурудҳои падарро бозхонӣ кардаам, аз ҷумла: «Зинда бод Тоҷикистон», «Минбари мо», «Сапедаи ҷонона», "Ушшоқи Истаравшан" ва ғайра. Инчунин бо ҳамроҳии падар бо номи "Дӯст" суруд хондаем. Мардум медонанд, ки фарзанди Наимҷон Маҳкамов ҳастам аз ин рӯ, дар тӯю маъракаҳо хоҳиш мекунанд, аз таронаҳои падар низ хонам. Дар тӯю маъракаҳо сурудҳои тоҷикӣ, туркӣ, туркманӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва русӣ низ мехонам. Падарам ҳам бо ин забонҳо сурудҳои зиёд иҷро кардаанд.

- Таронаи «Ушшоқи Истаравшан», ки ин қадар маъруф аст, кай эҷод шудааст ва он чӣ таърихе дорад?

- «Ушшоқи Истаравшан» рамзи ишқу муҳаббат нисбат ба диёр аст. Ин тарона дар пардаҳои «Ушшоқ»-и Шашмақом эҷод гардидааст. Таърихи он тақрибан 25 солро дар бар мегирад. Тарона ба ифтихори 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан аз ҷониби устод Наимҷон Маҳкамов офарида шудааст. Муаллифи шеър шоири зиндаёд Мирзомурод Ҳошимзода мебошанд. Ҳар куҷое ки меравем, мухлисон ҳатман аз мо иҷрои ин сурудро хоҳиш мекунанд. Соли 2024 пас аз 24 сол ҳангоми ифтитоҳи Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан, дар ҳузури Пешвои миллат ин сурудро бозхонӣ намудам.

- Шашмақом шоҳи сурудҳост ва на ҳар як сароянда аз уҳдаи иҷрои он баромада метавонад. Муваффақияти шашмақомсаро дар заҳмати пайваста, истеъдоди Худодод ё омилҳои дигар аст?

- Шашмақомро беҳуда «шоҳи сурудҳо» намегӯянд. Он мактаби комили маънавию ҳунарӣ аст. Муваффақияти шашмақомсаро одатан натиҷаи як омил не, балки маҷмӯи чанд унсури муҳим мебошад. Донистани вазни арӯз хеле муҳим аст, зеро шашмақом бештар бо ҳамроҳии асбоби танбӯр иҷро мешавад. Агар сароянда аз усулу қоидаҳои шашмақом бохабар набошад, иҷро хеле душвор мегардад. Хондани шашмақом санъати душвор аст, вале дар баробари ин оҳангҳое низ дорад, ки барои кӯдакон мувофиқанд. Аввалин шашмақоме, ки замони наврасӣ хондаам, дар озмуни «Ғунчаҳои умед» дар шаҳри Хуҷанд буд, ки дар ин озмун сазовори ҷойи дуввум гардидам.

- Оҳангу тарона то чӣ андоза ба тафаккури инсон таъсир мерасонад?

- Албатта, ҳар як оҳангу тарона ба тафаккур, эҳсос ва рафтори инсон таъсир мерасонад. Таъсири он метавонад то ҳадде амиқ бошад, ки ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва ҳатто саломатии инсонро тағйир диҳад. Ҳатто дар баъзе кишварҳои мутараққиву мутамаддин ва марказҳои тиббӣ мусиқитерапия истифода мешавад. Яъне тавассути мусиқӣ табобат мекунанд. Аз тарафи дигар таронаҳои ватандустона, дар васфи падару модар, хоҳару бародар, дӯстӣ ва ғайра ба кас рӯҳия бахшида, инсонро ба ахлоқи хамида раҳнамун месозад. Хоса шашмақом ба дилҳо оромӣ мебахшад.

-Аз нигоҳи шумо имиҷи сарояндаи тоҷик бояд чӣ гуна бошад?

- Сароянда ин намояндаи фарҳанги миллат аст. Ба андешаи ман, имиҷи сарояндаи тоҷик бояд пеш аз ҳама ҳувияти миллӣ ва фарҳанги бойи тоҷиконро инъикос кунад. Ӯ бояд дар гуфтору рафтор   одобу ахлоқ, эҳтиром ба суннатҳо ва арзишҳои ҷомеаро нигоҳ дорад. Ҳамзамон, сароянда бояд муосир бошад, бо завқи замон қадам занад ва услуби хоси худро дошта бошад. Матни сурудҳояш бояд дорои маънои амиқ, паёми мусбат ва тарбиявӣ бошад. Он на танҳо фароғат бахшад, балки ба шунаванда таъсири хуб расонад. Хулоса, имиҷи сарояндаи тоҷик бояд симои шахсияти бофарҳанг, ватандӯст ва эҷодкори муосирро инъикос намояд.

- Барои боз ҳам пешрафти санъати тоҷик чӣ пешниҳод доред?

- Фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик, аз ҷумла оҳангу таронаҳои санъаткорони мо аз қадим шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Хушбахтона бо дастгирии Пешвои маҳбуби миллат санъаткорони мо дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳонӣ фарҳангу тамаддуни моро муаррифӣ мекунанд. Ҳоло чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон ватани азизи ман" баргузор гардида истодааст, ки барои муаррифии чеҳраҳои нав нақши муҳим дорад. Ҳоло мо бояд ҳарчӣ бештар фарҳангу тамаддуни миллии худро ба ҷаҳониён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб намуда, фарҳанги волои худро ҳифз кунем.

- Ташаккур барои суҳбат!

- Саломат бошед!

Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД