Formula september
Сайри “Бешаи палангон”
4701


Тоҷикистони биҳиштосои мо бо табиати нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯс, чашмаҳои поку мусаффо, дарёҳои пуртуғён ва набототу ҳайвоноти нодираш шӯҳраи олам гаштааст. Яке аз зеботарин мавзеъҳои кишвар “Бешаи палангон” мебошад, ки диққати касро мисли оҳанрабо ба сӯйи худ мекашад.

Ганҷинаи Хатлон

Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” дар ҳудуди ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ гашта, яке аз ҷойҳои тамошобоби Минтақаи сайёҳии водии Вахш ба шумор меравад. Бештари ҳудуди мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" - ро туғайзор ташкил медиҳад. Мамнуъгоҳи мазкур ба хотири мавҷудияти яке аз нодиртарин намудҳои ширхӯрони дарранда – паланги тӯронӣ "Бешаи палангон" номгузорӣ шудааст, вале...

Палангҳои “Бешаи палангон”
ба куҷо ғайб заданд?
Ҳарчанд мамнуъгоҳ “Бешаи палангон” ном гирифта бошад ҳам, аз ҳайвоноти нодир дар ин ҷо танҳо гавазни бухороӣ боқӣ мондааст, палангҳои туронӣ бошанд, несту нобуд шудаанд. Палангҳои тӯрониро дар ҳудуди мамнуъгоҳи мазкур то солҳои 50-уми асри гузашта дучор гаштан мумкин буд. Олими машҳури рус Р.Л. Потапов дар асари худ «Тигровая балка» чандин ҳодисаҳои вохӯрии одамонро бо паланг ёдрас шудааст, вале айни замон доир ба мавҷуд будани ин намуди палангҳо дар табиат ва боғи ҳайвоноти ягон кишвари дунё маълумоти расмие нест. Ба ақидаи бархе аз олимони зоология ин намуди паланг на танҳо дар Тоҷикистон, балки аз курраи Замин несту нобуд шудааст.

Макони ҳайвоноти нодир
Яке аз зеботарин намудҳои ширхӯрони ин мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ мебошад, ки дар найзорҳои мамнуъгоҳ паҳн шудааст, вале дар баробари гавазнҳо дар “Бешаи палангон” ҳайвоноти дигари нодир, аз ҷумла ғизол, гурбаи найзор, кафтор, мири мушон, хуки ваҳшӣ, ҳашаротхӯри пакана ва ҷайраи ҳиндиро во хӯрдан мумкин аст. Дар қисмати нимбиёбон ва туғайзори мамнуъгоҳ бошад, сангпушти осиёимиёнагӣ, геккони шонаангушт, лундасараки регӣ, мори кобраи осиёимиёнагӣ, гурза ва дигар ҳайвроноту хазандаҳои камшуморро зиндагӣ мекунанд. Яке аз калонтарини калтакалосҳои замони муосир- сусмори хокистаранг, ки онро “Тимсоҳи биёбон” низ меноманд, бештар дар минтақаи биёбони мамнуъгоҳ дучор меояд.
Экоситемаҳои мамнуъгоҳ макони зисти доимии парандагони муқимӣ буда, барои зимистонгузаронии парандагони кӯчӣ низ шароитҳои мусоид мавҷуданд. Бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори парандагони нодир соли 2012 парваришгоҳи махсусе сохта шуд, ки дар он тазарв, кабк, мешмурғ парвариш карда мешавад.
Айни ҳол дар кӯлҳои мамнуъгоҳ намудҳои нодир ва камшумори моҳиҳо, ба монанди муйлабмоҳии аралӣ, симмоҳӣ, муйлабмоҳии туркистонӣ, сихболмоҳӣ ва мошмоҳӣ парвариш карда мешаванд. Дар обҳои ин мавзеъ қурбоқаи кӯлӣ ва ғуки сабзро низ дучор гаштан мумкин аст. Дар кӯлҳои мамнуъгоҳ мори обӣ вақундузи обӣ низ вуҷуд доранд.
“Бешаи палангон” дар феҳристи Юнеско
Мамнуъгоҳи табии "Бешаи палангон" ҳанӯз дар қарни гузашта, аниқтараш 4-уми ноябри соли 1938 бо қарори Комисариати халқии кишоварзии Тоҷикистон таъсис дода шуда, яке аз мавзеъҳои зебои кишвари мо ба шумор меравад. Ин минтақа бо набототу ҳайвоноти нодир ва табиати нотакрораш қариб 100 сол боз диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ мекашад.
Ёдовар мешавем, ки “Бешаи палангон” натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли сайёраи Замин яке аз зеботарин мавзеъҳои табиати зинда ба шумор меравад. Ба хотири ҳимояи олами рангини наботот, ҳайвонот ва табиати биҳиштосояш мамнуъгоҳи мазкур ҳамчун як мероси бебаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст. 20 сентябри соли равон дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён гирифт, мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон”-и Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД