Arzon march 2024
“Баҳористон”-порае аз биҳишти дилфиреби Тоҷикистон
3946


Тоҷикистон бо манзараҳои зебо ва дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир менамояд. Офаридгор ба диёри офтобии мо чунон табиати дилфиреберо ато намудааст, ки назираш дар сар то сари олам вуҷуд надорад.

Кӯҳҳои осмонбӯс, дарёҳои шӯху саркаш, шаршараҳои мисли кокулони духтарони тоҷик бозингар, дашту дамани нопайдоканор....
Бо ин ҳама сарвати бебаҳои табиӣ Тоҷикистон ҷаннати рӯйи замин ва беҳтарин макони сайру тамошо барои сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ мебошад. Дар рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон осоишгоҳҳои кишвар нақши муҳим доранд.
«Баҳористон» яке аз мавзеъҳои хеле зебо ва тамошобоби диёри мо ба шумор рафта, онро метавон як пораи биҳишти Тоҷикистон номид. Осоишгоҳи мазкур дар соҳили Баҳри тоҷик-дар шаҳри Гулистони Вилояти Суғд воқеъ гашта, байни сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ хеле машҳур аст.

Осоишгоҳи мазкур дар масоҳати 22 гектар ҷойгир буда, аз 5 корпус барои хоб, корпусҳои табобатӣ, истироҳатгоҳи соҳилӣ, ошхона, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои дохилӣ ва берунӣ барои оббозӣ, дискоклуб, боулинг, интернетклуб, СПА комплекс, майдончаи кӯдакона, толори синамои 3D, маркази косметологӣ ва чойхонаи миллӣ иборат аст.
Дар тамоми фаслҳои сол, аз ҷумла фасли зимистон низ осоишгоҳи «Баҳористон» ба қабули муштариён омода аст, зеро дар ин макони беназир тамоми шароитҳо барои истироҳату фароғати меҳмонон мавҷуданд.

Агар шумо мехоҳед дар фасли зимистон ба маънои томаш истироҳат карда, аз тамошои манзараҳои зебои табиати диёрамон лаззат баред, бештарин макон осоишгоҳи “Баҳористон” аст. Дар “Баҳористон” ҳатто дар фасли сарди зимистон низ зиндагӣ ба назаратон мисли баҳор зебо, дилфиреб ва пуртароват менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД