Arzon march 2024
“Ҳулбук”-таърихи зиндаи тоҷикон
4214

Ба тамошои ёдгории таърихиву фарҳангии “Ҳулбук” – пойтахти Хутталони қадим меравем. Бо мақсади рушди сайёҳии таърихӣ Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии «Ҳулбук» пурра навсозӣ шуда, дар атрофи он инфрасохтори сайёҳӣ бунёд мешавад.

Имсол теъдоди сайёҳони дохилию хориҷие, ки мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангиро тамошо намуданд, назар ба соли пешин зиёд гардидааст.
Шаҳри Ҳулбук яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии замони давлати Сомониён буда, дар таърихи давлатдории халқи тоҷик мақоми хос дорад. Дар ин хусус меъмории бошукӯҳ ва бозёфтҳои нодири бостонии он баръало шаҳодат медиҳанд.

Мавриди тазаккур аст, ки Ҳулбуки бостонӣ дар ноҳияи Восеъ, дар шафати роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб қарор дошта, масоҳати он 16 гектарро дар бар гирифтааст. Девори ҳимоявии қаср 2 метр паҳноӣ ва то 13 метр баландӣ дорад. Ҳудуди қаср майдони 2 гектарро фарогир аст.

Манораҳои қалъа то 25 метр баландӣ доранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хутталони қадим — шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардида истодааст.

Девори иҳотавии атрофи қалъа панҷарабандӣ шуда, роҳравҳо ва майдонҳои дохили он аз ҷониби мутахассисони ҷалбшуда бозсозӣ ва сабзпўш гашта истодаанд. Маҳз ба хотири бузургдошт ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук бо Осорхона дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст.

Осорхона ва Қалъаи Ҳулбук ҳамчун муассисаи фарҳангӣ ва ёдгории нодири таърихӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар ҷалб менамоянд.
Таъсири бевоситаи фанҳои табиатшиносӣ ва ҳандаса дар истеҳсоли кулолгарӣ, шишасозӣ, оҳангарӣ, инчунин дар тарҳ ва ороиши биноҳои Қасри Ҳулбук ва атрофи он бисёр хуб ба назар мерасанд.

Ҳамаи тасвирҳои анҷом додашуда бевосита табиӣ буда, бо иловаи истеъдоди ҳунармандони хатлонӣ зебогии нотакрореро дар худ таҷассум менамоянд. Маҳз ҳамин хусусиятҳо боис шудааст, ки ҳамасола ташрифи теъдоди меҳмонону сайёҳони ватаниву хориҷӣ ба ин гўшаи Тоҷикистон меафзояд.

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, Қалъаи Ҳулбук ба асрҳои X – XI мансуб мебошад. Вале ҳафриёти минбаъда собит намуд, ки қалъа дар болои иншооти қадимтаре сохта шудааст, яъне вай аслан хеле пеш, шояд ҳазор сол қабл, дар аҳди Кўшониён бино гашта, дертар таъмиру тармим шуда, ниҳоят, дар шакли хеле пурвусъат аз нав сохта шудааст.

Қалъаи бостонии Ҳулбук аз дигар иншооти қадимӣ ба куллӣ фарқ менамояд. Аксар вақт чунин бошишгоҳҳои мустаҳкамро дар буни кўҳ ё дар баландии даромадгоҳи шаҳрҳо месохтанд ва онҳо аҳамияти мудофиавӣ доштанд.

Аммо қалъаи Ҳулбук дар ҷойи ҳамвор сохта шуда, манзалати он чун пойтахти вилояти бузурге шинохта шудааст. Аз ин ҷост, ки дар Ҳулбук бозёфтҳои дорои таъйиноти ҳарбӣ хеле кам ба назар мерасанд ва баръакс, дар он тамоми нишонаҳои шаҳри мутамаддин мавҷуд аст: деворҳои қалъаро меъморони қадим бо хишти хом бардошта, сипас бо хишти пухта рўйкаш намудаанд.

Ҳонаҳои зиёди қалъа калону барҳаво буда, бо долон ба ҳам пайваст мешаванд, фарши он бо хишти пухтаи ҷилодор ороста шудааст. Деворҳои аксари утоқҳо бо тасвири манзараҳои нотакрор- табиати зебо, симои ҷанговарон, навозандагону раққосаҳои хушхиром, асбоби алоҳидаи мусиқӣ басо ҷолибу нотакрор буданд.

Инчунин кошинкорӣ ва кандакорӣ бо гаҷ ба кулли кох ҳусни аҷибе мебахшид. Ин ҳама дар навиштаҷоти муаррихони қадим дучор мегардад.
Сабаби дар ҳамворӣ бино гаштани Ҳулбук он аст, ки дар минтақаи сероби водӣ –дар назди рӯдҳои Окс (ҳоло Оқсу ва Ёхсу) ва аз лиҳози давлатсозӣ мутараққӣ- дар маркази роҳи корвонгузари Шоҳроҳи Абрешим қарор дошт ва корвонҳои зиёд аз тамоми давлатҳои масири абрешим – Чин, Ҳинд, Пешовару Қандаҳор, Эрону Рум аз ин ҷо мегузаштанд, дар ин ҷо муддате истироҳат карда, сипас роҳи худро ба Ҳисору Самарқанду Бухоро идома медоданд ё баръакс, пеш аз баромадан ба минтақаи биёбону кӯҳистон дар ин ҷо озуқаи зарурӣ мегирифтанд.

Албатта, тавассути роҳи барои тоҷирон кушодаи байни давлатҳо корвонҳои бузург чун ҳамеша баробари амволу сарват, инчунин оромӣ ва шодӣ меоварданд, мубодилаи судманди фарҳангии халқҳои гуногун ба вуҷуд меомад. Аз ин ҷост, ки дар Ҳулбук осори тамаддуни чаҳор империяи қадим – Чин, Бохтар ва Руму Эрон боқӣ мондааст.

Суннати дигари ниёгон, ки дар Қасри Ҳулбук таҷассуми худро ёфтааст гаҷкориҳои он мебошад. Садҳо пораҳои хурду калони гаҷҳои гулбуридашуда, ки ҳангоми ҳафриётҳо ёфт шудаанд, аз ин шаҳодат медиҳанд.

Онҳо як замоне девори хонаҳо, сутуну айвонҳо ва толору роҳравҳои қасри шоҳонро зиннат медоданд. Аз рӯи шакл гулбуриҳо ба се намуд ҷудо мешаванд: тасвирҳои исломӣ (наботот), махлуқот ва сураҳои Қуръон. Чуқурии буриши тасвирҳо аз 2 то 20 сантиметр буда бо рангҳои кабуд, зард, гулобӣ тобиш дода шудаанд.

Биноҳо тарзе оро ёфтаанд, ки ягон композитсияи алоҳида дуюмбора такрор нашудааст. Тасвири махлуқот ва махсусаи шер, ки бештар дар сутунҳои айвонҳо омадаанд хусусияти хоси худро доранд.

Бостоншиноси маъруфи тоҷик Юсуфшоҳ Ёкубов дар ин тасвирҳо образи худои офтоби қавмҳои эронинажод Митраро (Меҳр) мебинад, ки то асрҳои миёна дар маданияти моддиву маънавии хатлониён боқӣ мондааст.

Ба андешаи бисёр олимон, ба гаҷбуриҳои Ҳулбук фақат чунин бозёфтҳои шаҳрҳои Тирмиз, Самарқанди кӯҳна (Афросиёб) ва Самара-пойтахти Хилофати Араб дар асри IX (наздикии Бағдод) рақобат карда метавонанду халос.
Яке аз суннатҳои маъмули ниёгон, ки дар қасри шоҳон инъикос ёфтааст, ин санъати тасвирӣ мебошад, ки ҳоло ҳам ёдгоре аз ин давр боқист то мо аз чунин ҷабҳаи ҳастии маънавии халқамон огоҳ шавем.

Барои ҳамин ҳам тасвирҳои Ҳулбук беҳамто мебошанд. Дар муддати садсолаҳои зиёди хароба аксари тасвирҳо нест шудаанд. Боқимондаҳо кам ё беш зараp дидаанд, вале дар ҳамин ҳол низ аз зебоию шукуҳияти санъати монументалии Хатлон шаҳодат медиҳанд.

Мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии «Ҳулбук бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002 дар асоси димнаи Ҳулбук-пойтахти асримиёнагии Хатлонзамин таъсис дода шуд, ки дар соҳаи ҳифзу омӯзиш ва истифодаи мероси фарҳангии ниёгон як дастоварди муҳиме маҳсуб мешавад.

Аз рӯзи аввали кашфи ёдгорӣ, соли 1953 (Б. А Литвинский, Е. А Давидович) то соли 1991 дар ин ҷо бо сардории бостоншиноси шинохта Эркиной Ғуломова корҳои таҳқиқотӣ идома доштанд, ки бо иштирок дар онҳо аксари бостоншиносони тоҷик аввалин сабақи соҳавию касбӣ гирифтанд.

Дар ҳамин радиф даҳҳо толору ҳуҷраҳои Қасри шоҳони Хатлони асрҳои IX – XI кушода гардида, ҳазорҳо бозёфтҳо кашф шуданд, ки шоҳиди бевоситаи санъати баланди ҳунармандони Хатлонзамин мебошанд.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати фарҳанги мамлакат, соли 2018 дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ аз шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ маҳаллаи ҳунармандӣ бо дӯконҳои он бозёфт гардиданд. Бозёфти мазкур бо роҳбарии директори мамнуъгоҳи таърихию фархангии Ҳулбук Абдулло Хоҷаев ва Т.Г. Филимонова, кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар шаҳристони Ҳулбук ба даст омад.

Дар назди ёдгории мазкур мағозаи «Армуғон» кушода шуд. Мағоза бо мақсади ҷалби бештари диққати сайёҳон ва такон бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардидааст. Аз ин пас ҳар як сайёҳ имкон дорад, ки ҳамчун армуғон аз «Ҳулбук» туҳфае бо худ барад. Ҳамзамон гурӯҳи занони гулдаст дар ин ҷо ба ҳунармандӣ ҷалб гардидаанд.

Онҳо намунаҳои гуногуни нақшдӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва дигар намуди сӯзаниҳоро пешкаши сайёҳон менамоянд. Ҳунармандони атрофи ин мавзеъ низ имконият доранд маҳсули меҳнати худро ба мағоза пешниҳод намоянд.

Шаҳри Ҳулбук мероси фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик, балки ҷаҳон ба шумор меравад. Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан-пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик он ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим-и ЮНЕСКО ворид гардид.

Соли 2016 Муассисаи давлатии мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук ҷоизаи “Global rating nomination”-и ЮНЕСКО-Идораи фарҳангии Созмони Милали Муттаҳидро соҳиб шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД