Formula novemver 2024
Сеталоқаи муштзӯр (ҚИСМИ 1)
1762

Ман дар оилае ба воя расидаам, ки арзишҳои диниву дунявӣ хеле хуб риоя мешуданд. Падару модари ман ду писару ду духтарро бо нони ҳалоли меҳнатӣ ба воя расонидаанд.

Дар байни хешу таборони мо, хоса пушти падариям ҳамин гуна одате ҳаст, ки духтар мактабро хатм кард, ба шавҳараш медиҳанд. Ба мо ҳатто иҷозат нест, ки бо шавҳаршавандаамон аз пеш суҳбат кунем, интихоби падару модар барои мо интихоб аст ва гапашон қонун. Зиндагии ман низ ҳамин гуна оғоз дошт…

Ниҳоли бебар

Шавҳари ман аз оилаи миёнҳоле буд, падари хоксори ман танҳо ҷавони хубу меҳнатӣ будани ҳамсари маро ба назар гирифта, ба хостгории онҳо розигӣ дод. Чӣ гунагии ҷиҳоз, чӣ гуна гузаштани тўй барои волидони ман аҳмияте надошт. Тӯйи ман хеле оддӣ гузашт ва бовар кунед, ба ҳамин содагӣ хушбахт будам, ҳавлии оддияки лоӣ ва хушманзараи волидони шавҳарам ба ман хеле писанд буд. Шавҳарам як писар буду чор хоҳари шавҳардор дошт, онҳо ба ман хеле меҳрубон буданд. Хусуру хушдоманам низ, ман ба ҷавоби ин меҳрубониҳо бо сари хам хизмати эшонро ба ҷой меовардам.

Падару модарам низ аз омади бахти мо хеле хурсанд буданд. Шавҳарам мошин дошту кирокашӣ мекард, пули ёфтаашро ҷамъ мекардаму дар ободонии рўзгорамон сарф мекардам. Тӯли шаш соли зиндагӣ хонаҳои нав сохтем, ҷиҳози хонаро ҳам нав кардем, вале ба мо як чиз намерасид- фарзанд. На дари табиб монду на дари мулло, чӣ қадар даводав кардем, аммо бефоида, бо ҳамсарам якдигарро сахт дўст медоштем, ў доим мегуфт, ки ҳеҷ гап не, агар фарзанд нашавад, ду нафар фарзанди хоҳарамро гирифта, барои худамон калон мекунем, аммо хушдоманам ба ин гапи писараш розӣ набуд. Медидам, ки муносибати хушдоманам бо ман сард мешавад, вале ноумед нашуда, боз назди духтури навбатӣ мерафтем. Аммо оқибат, меҳри фарзанд корашро карду ману ҳамсарам ҷудо шудем. Ҳеҷ аз ёдам намеравад он рўзи шум…

Армонҳои нашикаста

Хонаҳои кўҳнаамонро валангор карда, чор дар хонаи калони барҳаво бо долон сохтем. Ҳамроҳи шавҳарам рафта, барои хонаҳо қолин, кўрпача, хонтахта ва ҷевону телевизор харидем. Зимистон гусола харида, онро як сол нигоҳубин карда будаму ҳамонро фурўхта, барои хонаҳои нав ҷиҳоз харидем. Хушдоманам ба ин кори ман бо қавоқи гирифта нигоҳ мекард. Ҳамон рўзи наҳс, ман як тонна гандумро шўста, дар офтоб паҳн кардаму барои айвон ду кўрпача дўхтаму онҳоро пахта карда, болояшон дароз кашидам. Ҳатто хўроки нисфирўзӣ нахўрда будам, ғанабам бурду хоб дидам, ки хушдоманам ангуштарини тиллоии «офтоб»-акамро аз ангуштам кашида гирифта, ба дасти як духтараки зардинаи мўйдароз андохт. Духтарак сўям гарм табассум мекарду ман мегиристам, вақте бедор шудам, тамоми вуҷудам меларзид. Рўйи ҳавлӣ баромадам, ҳама оромӣ, хушдоману хусурам ба хонаи худашон даромаданд, лаби кат нишастам. Даҳонам хушк шуда буд, аз тарбузи болои дастархон, ки сачоқи болояш ғеҷида буду онро пашша зер карда буд, як қарч бурида, даҳонамро тар кардам. Бо сари гарангу дили сиёҳ дастурхонро ғундошта, рўйи катро рўфтам, пешакашро об задам, хона даромадаму хостам каме хоб равам, вале хоб чашмонамро тарк карда буд. Аз чанги фикрҳои ҳархела худро базӯр халос карда, ба берун баромадам. Аз хушдоманам, ки вақтҳои охир ҳеҷ қавоқашро намекушод, пурсидам:

- Очаҷон, чӣ пазам?

- Ҳеҷ чиз напаз, ману тағоят имшаб хонаи Гулҷон (духтари калонияшон) меравем, Зоҳир туро ба хонаатон мебарад.

Ростӣ, ҳайрон шудам, гандуми шўстаамро бояд рўзи дигар ҷамъ мекардам, боз дар ҳота кор доштам, барои чӣ бояд ба хонаамон равам? Ҳеҷ чиз нагуфтам, зеро ҳеҷ гоҳ гапи хушдоманамро ду накарда будам. Мо бо шавҳарам ҳамсоядеҳаем, шавҳарам он бегоҳ маро “либосатро пўш” гӯён, ба хонаамон оварду назди дарвоза ба дастам қутичаи ҷавоҳиротамро, ки дарунаш чанд ангуштариву як гӯшворам мудом мехобиданд, доду гуфт:

- Сано, се талоқат кардам, шояд мо зиндагии дигар барпо карда, фарзанддор шавем.

(Давом дорад)

Бо эҳтиром, САНО, вилояти Хатлон

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД