Кормандони милитсия дар шаҳри Ваҳдат як муҳоҷири афғонро бо гумони содир намудани ҷинояти вазнини одамкушӣ боздошт намудаанд. Давлат Зода Парвиз дар куштори падараш муттаҳам дониста мешавад.
Тибқи иттилои ВКД, шаҳрванди Афғонистон Давлат Зода Парвиз, соли таваллудаш 2001, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, санаи 1-уми июни соли 2026, тахминан соати 12:00 бо падараш Давлат Зода Соҳибдод, соли таваллудаш 1974, дар назди дӯкони фурӯши меваҷот вақеъ дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат муноқиша намуда, бо корд 1 маротиба ба қафаси сина ва 1 маротиба ба пушти падараш задааст. Дар натиҷа Давлат Зода Соҳибдод аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафтишоти қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.