Commerce bank may-june 2026
Ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонони миллат
122

Таърих гувоҳ аст, ки ҳар миллат бо қаҳрамониву ҷонфидоиҳои фарзандони содиқу фидокоре зинда мемонад, ки барои ҳифзи давлату миллат, фарҳангу тамаддун ва ҳувияти миллии хеш ҷон нисор кардаанд.

Миллати тоҷик низ чунин фарзонагонеро дар оғӯш парваридаасту бо ин шахсиятҳои барҷастааш ифтихор дорад. Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи чеҳраҳои таърихие мебошанд, ки тамоми фаъолияти худро барои ташаккули давлатдории тоҷикон, рушди маориф ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бахшидаанд. Имрӯз номи онҳо ҳамчун рамзи ватандӯстӣ, ҷасорат ва худшиносии миллӣ бо эҳтироми бузург ёд шуда, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум бо унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор дониста шудаанд. Овардани муште аз хоки марқади ин се абармарди тоҷик нишонаи олии эҳтиром ба қаҳрамониҳои фарзонафарзандони миллат мебошад.

19-уми май барои мардуми Тоҷикистон боз як санаи муҳиму таърихӣ гардид. Дар ин рӯз пораи хоки қаҳрамонони миллат - Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Маскав ба Ватан оварда шуд. Ин иқдом нишонаи эҳтиром ва қадршиносии давлату миллат нисбат ба хизматҳои таърихии фарзандони содиқи Тоҷикистон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмӣ капсулаҳои хокро ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба қаҳрамонони миллат қабул намуданд. Ба чунин иқдоми наҷибонаи ин абармарди таърихӣ на танҳо мардуми тоҷик, балки ҷаҳон аҳсан гуфт. Пешвои миллат собит намуданд, ки Тоҷикистон ва мардуми тоҷик таърихи худро гиромӣ медоранд ва хизматҳои шахсиятҳои бузурги худро фаромӯш намекунанд.

Арҷгузорӣ ба чунин шахсиятҳо на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонон мебошад. Миллате, ки қаҳрамонони худро қадр мекунад, метавонад ояндаи дурахшон бунёд намояд. Аз ин рӯ, омӯзиши зиндагӣ ва фаъолияти ин шахсиятҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳим аст.

Имрӯз Тоҷикистон бо ифтихор номи ин фарзандони фарзонаи худро гиромӣ медорад. Баргардонидани пораи хоки онҳо ба Ватан рамзи эҳтиром ба таърих, адолат ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД