Commerce bank may-june 2026
Қабули дархостҳо барои озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол-2026» идома дорад
03.06.2026
Oila.tj
36

Яке аз пешсафони рейтинги озмун то имрӯз табиби асабшиноси кӯдакон Фирӯзаи Искандар мебошад, ки аллакай зиёда аз 350 бемор ба ҷонибдориаш овоз додаанд.

Беморон сатҳи баланди касбият, муносибати ғамхорона ба кӯдакон ва қобилияти фаҳмондани равиши табобатро ба волидон махсус қайд мекунанд. Фирӯзаи Искандар - табиби дараҷаи олӣ, номзади илмҳои тиб буда, дар Маркази тиббии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Профили табиб: https://samt.tj/doctors/1304

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол-2026» аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани мақоми касби табиб, дастгирии кормандони соҳаи тиб ва қадрдонии саҳми онҳо дар рушди низоми тандурустии кишвар мебошад.

Хусусияти муҳими озмун иштироки фаъоли аҳолӣ мебошад - ҳар сокини кишвар метавонад бо гузоштани фикру мулоҳиза дар сомонаи озмун табибонро дастгирӣ намояд.

Шарикони озмун: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҶДММ «Фазои имконот», FHI 360, агентии рекламавии JoBaJo ва шарики иттилоотӣ «ОИЛА».

Сабти номи иштирокчиён дар сомонаи www.samt.tj идома дорад.

#ТабибиСол2026 #СипосБаТабиб #ВрачГода2026 #СпасибоВрачу #Точикистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД