Formula novemver 2024
Сеталоқаи муштзӯр (ҚИСМИ 2)
1839

Дунёи тираву тор

Ман намедонам чанд вақт пушти дарвоза шах шуда истодаму овози зани додарам маро ба худ овард:

- Апа, чаро ба хона намедароед?

Дигар ёд надорам чӣ шуду чӣ монд, баъди як моҳ ба худ омадам. Касе шавҳарамро мазаммат намекард, баъди чанде хоҳаршўи калониям либосҳоямро оварду бо гиряву зорӣ гуфт, ки ин ҳама тақдиру қисмат аст. Зиндагиям якранг идома дошт, вақте шунидам, ки шавҳарам зан гирифтаасту ў ҳомиладор шудааст, ҳолам бадтар шуд, дигар рўзу шаб бароям якранг буд. Баъдтар худамро ба даст гирифтаму ба Русия сафар кардам. Баъди оворагиҳои зиёд дар як ошхона ба ҳайси зарфшў, баъдтар ба ҳайси ёрдамчии ошпаз ба кор даромадам. Оҳиста-оҳиста зиндагиям дигар шуд, дар хонаи иҷора бо ду нафар зани тоҷик менишастем, бо ҳам мисли апаву хоҳар гашта будем. Бо пули равон кардаам падарам бароям як порча замин харид. Орзу доштам, ки он ҷо кўлбаяке бино карда, давоми умрамро бе дарду беғам мегузаронам, вале беҳуда нагуфтаанд, ки мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл…

Боре ба ошхонаи мо як гурўҳ бачаҳои тоҷик омаданду бо онҳо шинос шудам. Яке аз онҳо аз ноҳияи мо будаасту аз дигар деҳа, бо ҳам унс гирифтем, гоҳ- гоҳ ба саёҳат мерафтем, ў маро то хона гусел мекард.

Ишқи сархӯр

Диловар аз ман шаш сол хурд буд. Аввалҳо ман ӯро додарҷон мегуфтам, баъдан хоҳиш кард, ки дигар додараш нагўям, зеро ў ба ман дигаргуна меҳр дорад. Гардиши қисмат буд ё беақлии ман, ки мо бо ҳам ақди никоҳи мусулмонӣ бастем. Диловар кайҳо ба ман гуфта буд, ки занашро се талоқ кардаасту чор фарзанд дорад, мо ду соли ахир як ҷо мезистем, ман ҳам пули ёфтаамро ба ў медодам то хонаву дарашро сохта, ҳама шароиташро муҳайё намояд. Маслиҳати мо ин буд, ки зани пешинааш чанд кўдакеро ба мо диҳад, мо тарбияашон мекунем ва дигар ба Русия намеравем. Ҳатто мақсад доштем, ки дар ноҳия як ошхона месозем, барои ин пул ҳам доштем. Дар хонаи мо танҳо модарам аз шавҳар кардани ман хабар дошту халос. Мо ба хона баргаштем, Диловар ба хонаи худашон рафту ман ба хонаи худамон. Баъди ду рўз вақте бо ҳам занг задем, ў гуфт, ки ба хонаи мо биё ва ман рафтам…

Дар пеши дарвоза маро Диловар пешвоз гирифта, ба хонаашон дароварданӣ шуд. Ҳамин вақт дар ҳавлӣ ду зан пайдо шуданду маро зери мушту лагат кашиданд. Вақте ба ҳуш омадам, болои сарам шавҳарам буд. Ман ба Диловар гуфтам, ки маро ба духтур бар, духтурон баъди муоина ҷунбиши мағзи сар ва захмҳои зиёдро дар бадани ман ошкор карданд. Ман гуфтам, ки афтидам…

Давоми ҳафт рўзи дар беморхона табобат гирифтанам, шавҳарам боре барои хабаргирӣ наомад. Баъдтар фаҳмидам, ки ў ҳама ваъдаю аҳду паймонашро фаромўш карда, боз бо зани сеталоқааш зиндагӣ дорад.

Ҳеҷ гап не, ҳамааш мегузарад аз сари сахти ман…

Хонаву дар бунёд кардаму кўрпаю кўрпача дўхтаму он ҷо шавҳарам арўси нав овард, инаш бо ваъдаҳои пўч диламро пур карда, хеле истифодаам бурд, пулҳоямро хўрд… Ҳарчанд додараш занг зада мегўяд, ки “апа, ҷое арз накун, ман пулҳоятро бармегардонам”, аммо дили шикастаи маро кӣ малҳам мешавад? Бовари гумшудаамро кӣ бармегардонад?

Бо эҳтиром, САНО, вилояти Хатлон

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД