arzon replenishment
Шабнами Сурайё: “Гушнаай... дар пеши ма биёр авқотуш бте бад ман мерам”
1901

 

-Ҳоло серӣ ё гушна

-Гушнаюм

-Гушнаай . Ҳамин ҳозир дар пеши ма биёр авқотуш бте бад ман мерам.

Ин аз суҳбати Шабнами Сурайё, овозхони саршиноси тоҷик бо як зане, ки бо ӯ дар назди тарабхонае дар Душанбе вохӯрдааст, мебошад. Дар видео дида мешавад, ки Шабнам зани ба назар нодор ва маҳрум аз як дасташро ба оғӯш мегираду сипас бо ӯ ҳамсуҳбат мешавад. Вақте зан мегӯяд, ки ман гӯшнаам, Шабнам бо зердастонаш фармон медиҳад, ки ӯ гурӯсна аст ва то замоне, ки ба ӯ хӯрок намедиҳед, ман намеравам. Овози марде шунида мешавад, ки ҳозир хӯрок медиҳем, вале Шабнам дар суханаш истодагарӣ мекунад.   

Ин видео чанд рӯзи охир дар шабакаи иҷтимоӣ, хусусан, инстаграм давр мезанад ва дар он ғамхории бонуи ҳунар Шабнами Сурайё барои як зани бечора дар пеши тарабхонаи “Яккасарой” дида мешавад.

Баъд аз дидани ин навор бори дигар лутфу муҳаббат ва самимяти ин сарояндаи машҳур нисбати мухлисону ҳаводорон ва бечораву дармондагон инъикос менамояд. Дар зери навор шарҳои зиёд гузошта шуда, ба ин кори ӯ аҳсану офарин хонданд.

Шабнами Сурайё, духтари примадонаи тоҷик Сураё Қросимова ва апаи Фарзорнаи Хуршед буда, санъати тоҷикро дар кишварҳои зиёди хоричӣ мураррифӣ намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД