formula
Шабнами Тоҷиддин хӯриши “Садбарг” омода мекунад
24.02.2024
ОИЛА
1598

 

Имрӯз дар меҳмонии “Ошхонаи Оила” ҳунарманди хушсадо, бонуи ҳунар Шабнами Тоҷиддин қарор дорад.

-Хонум Шабнам, мухлисонатон дербоз муштоқи суҳбати шумо ҳастанд, вале имрӯз мусоҳибаи мо дар боби ҳунари пазандагии шумо меравад. Гуфта метавонед, ки дар як рӯз чанд дақиқа вақти худро дар ошхона сипарӣ менамоед?
-Қабл аз он ки ман як ҳунарманд ҳастам, ман зан, модар ва кадбону низ ҳастам. Шумо магар зани тоҷикеро дидаед, ки лоақал як рӯз ба ошхонааш надарояд?

-Яъне, аҳли оилаи шумо ҳамарӯза хӯрокҳои болаззати бо дастони нозукатон омодашударо нӯши ҷон мекунанд?

-Хӯрокпазӣ барои ман на танҳо вазифаи ҷонӣ, балки як шуғли дӯстдошта аст. Беҳуда намегӯянд, ки агар хӯрок бо меҳру муҳаббат омода гардад, ба ҷисму ҷон дармон мебахшад.

-Бештар хӯрок мепазед, хӯриш омода мекунед ё торту ширинӣ тайёр мекунед?

-Бештар омода намудани хӯриш бароям писанд аст. Фикр мекунам, дар дунё одаме нест, ки аз хӯриш рӯ гардонад.

-Аз тарзи гуфторатон фаҳмидам, ки имрӯз барои мухлисон хӯриш омода месозед?

-Қурбони аҳли фаҳм!

-Марҳамат, хӯриши омодамекардаи шумо чӣ ном дорад ва барои таҳияаш чӣ қадар маҳсулот лозим аст?

-Барои омода намудани хӯриши “Садбарг”маҳсулоти зерин лозиманд:
300 г гӯшти лаҳми мурғ, 200 г замбурӯғи очонидашуда (шампиньоны), 3 тухм, 3 бодиринг, 100 г панир, 1 пиёз, 2-3 қошуқ майонез. Барои хуштамъкунонии пиёз: 1 стакон оби ҷӯшида, 2 қошуқча сиркои себин, 1 қошуқча шакар, 0,5 қошуқча намак.

Дар аввал пиёзро нимҳалқа реза карда, ба зарфе мегирему ба он 1 қошуқча шакар ва 0,5 қошуқча намаку 1 стакон оби ҷӯшида андохта, 15 дақиқа нигоҳ медорем. Замбурӯғро хурдтар реза карда, тухмҳои обпазро чоркунҷа реза мекунем. 300 г гӯшти лаҳми мурғро дар тафдон пухта, чоркунҷа реза мекунем. Панирро аз турбтарош гузаронида, тамоми маҳсулоти омодашударо бо майонез омехта менамоем. Се бодирингро борик реза карда, дар рӯйи хӯриш ба шакли баргҳои садбарг оро медиҳем.
Марҳамат, хӯриши мо омода шуд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД