Arzon march 2024
Шабзиндадорӣ кардан дар ин шаб чӣ аҷр дорад?
663

 

Шаби қадр яке шабҳои беҳтарин дар моҳи Рамазон мебошад, ки имсол ба рӯзи 5-ум ва шоми 6-уми апрел рост меояд.

Шаби қадр шаби 27-уми моҳи Рамазон буда, фазилатҳои зиёде дорад ва беҳтарин шаб барои ибодат аст, зеро дар ин шаб дуову ибодат зуд иҷобат меёбад. Дар китоби “Тарҷумону-л-қуръон”-и ҷурҷонӣ “шаби қадр шаби андоза кардани корҳо” гуфта шудааст. Соҳиби “Кашшофу истилоҳоти-л-фунун” овардааст, ки шаби қадр шабест бо иззату шараф, ки ҳар кас дар он тоат кунад, азизу мушарраф гардад.

Дар “Ат-Тафҳим”-и Берунӣ дар бораи шаби қадр гуфта шудааст, ки моҳи Рамазон Лайлатулқадр аст, он ки ҷалолати ӯро ба шабҳои тоқи даҳаи пасин ҷўянд”.

Шаби қадр аз 1000 моҳ беҳтар

Шаби қадр дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе аст, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули қуръон бар дили поки охирин Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардид. Шабе аст, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукўҳ ҳаргиз надида буд.

Аммо донистани қадру азамати ин шаб барои бисёр нафарон муяссар намегардад. Дар ин шаб фариштагони Худованд ва ҳазрати Ҷабраил (ъ) барои ҳар коре бо амри Парвардигорашон фуруд меоянд ва то дамидани субҳ нуру баракат ва салому осоиш ҳукмфармост. Худованд мефармояд: «Мо ин (қуръон)-ро дар шаби қадр нозил фармудем ва ту чи донӣ, ки шаби қадр чист? Шаби қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рўҳ (ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст».

Ин сураи қуръон бо номи «қадр» номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои шаби қадр нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагони рӯзадораш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пўшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад.

Сурае, ки аз фазилатҳои шаби қадр мегӯяд

Дар ин сура чаҳор хусусият ва фазилати шаби қадр ишора шудааст, якум нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст.

Дуюм он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад.

Сеюм фариштагон ва ҳазрати Ҷабраил (ъ) дар он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд.

Чаҳорум он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад.

Панҷум дар ин то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост. Шушум, шабест, ки дар он ҷашни ҳамагони дар сар то сари олам баргузор мегардад.

Шабзиндадорӣ кардан чӣ аҷр дорад?

Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рўзадорон қарор дода, то омилҳои бақо ва ҷовидонагии номи нек ва саодату растагории ду ҷаҳонро барои худ фароҳам намоянд. Шабе, ки аз ҳазор моҳ, яъне аз як умри одамӣ, ки бештар аз ҳаштоду се солро дар бар мегирад, беҳтар ва боарзиштар мебошад. Пас, агар рўзадоре дар умри худ чандин шаби қадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин одам ҳамон кас аст.

Шабе, ки баракоти он аз ҳаштоду се сол умри бо тоату ибодат беҳтар аст, чи расад ба умри бехудаву пуч. Одамоне, ки умреро дар беҳудагӣ ва аз қафои корҳои ботил гузаронидаанд, бояд бештар бикўшанд, то аз ин моҳ ва ин шаб хуб истифода намоянд. Шояд гузаштаи худро дар зарфи як моҳ ва ё дар як шаб ва як чашм пўшидан ҷуброн намоянд ва дар пеши Парвардигорашон сарбаланд гарданд.

Шабе, ки агар банда қадри онро бо истифода аз баракоти маънавиаш дарёбад, фардои он барояш рўзи нав ва ҳаёти дигар аст.

Шабҳои тоқи даҳаи ахири Рамазон

Модари мӯъминон ҳазрати Оиша (р) мефармояд, ки «Паёмбар (с) даҳ рўзи охири моҳи Рамазонро (ки шаби қадр дар яке аз шабҳои тоқи он мебошад) зинда медошт ва аҳли худро низ бедор месохт ва аз наздикии занўшавҳарӣ канора меҷуст. Шаби қадр дар яке аз ҳамин шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон аст. Паёмбар (с) мефармоянд: «Онро дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон биҷўед» ҳикмати ба таври дақиқ муайян нагаштани он шаб дар он аст, ки бандаи муъмин тамоми он даҳ шабро дар зикру ибодат ба сар барад ва ба хотири он як шаб даҳаи охирро пурра эҳё намояд. Шояд яке аз ҳикматҳои суннат будани эътикоф дар даҳ рўзи охири моҳи Рамазон низ ҷидду ҷаҳде барои эҳёи даҳаи охири он бошад.

Паёмбар (с) дар қисмати охири ҳадисе, ки фазилати моҳи Рамазонро баён менамояд, мефармоянд: «Дар он моҳ шаби қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳруми (бадбахти) ҳақиқӣ ҳамон кас аст».

Оиша (р) мефармояд: «Расули Худо (с) дар даҳаи охир ончунон кўшиш ва ҷидду ҷаҳд мекард, ки ҳаргиз дар дигар вақтҳо чунин намекард».

Дар шаби қадр сарнавишт ва қисмати яксолаи тамоми мавҷудот, аз ҷумла инсон, тақсим ва навишта мешавад. Худованд мефармояд: «Дар он шаб тамоми корҳо (и бузург) тақсим ва аз ҳам ҷудо сохта – файсала мешаванд».

Бандагони Худо бояд бидонанд, ки шаби қадр дар моҳи мубораки Рамазон пинҳон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД