arzon replenishment
Шаҳло, муҳоҷирзан, ш. Тюмен: Нон не, заҳр мехӯрем!
2686

 Солҳои охир дар радифи мардон бонувони тоҷик низ рӯ ба муҳоҷират оварда, ризқу рӯзӣ ва сарнавишти хешро дар мулки бегона меҷӯянд.

Занону духтарони тоҷикро кӣ ё чӣ маҷбур месозад, ки тарки Ватан, хонаву дар ва азизону пайвандони хеш намуда ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд? Барои ба ин савол посух гирифтан, мо тариқи интернет бо чанд муҳоҷирзан ҳамсуҳбат гаштем. Инак, боз саргузашти як зани муҳоҷирро, дар мулки ғурбат қарор дорад, пешкашатон мегардонем. 

-Зиндагии маро авсунам вайрон кард. Намедонам вай ба шавҳари ман ошиқ буд ё ягон балои дигар дошт, ки рӯирост маро туҳмат карда бо шӯям ҷанг меандохт.

Аввал овоза кард, ки гӯё шабҳо бо телефон бо мардҳои бегона чақ-чақ мекунам, баъд маро бо марди ҳамсоя бадном намуд. Шавҳари зудбоварам ба гапҳои дурӯғи янгааш дода шуда, маро мурданивор зад ва бо ҳамсоя даст ба гиребон шуд, ки ту бо зани ман мегардӣ. Як моҳи дароз корамон фақат даводаву милисабозӣ буд. Бо ҳамсоя ягон алоқа надоштани ман исбот гашта бошад ҳам, сақичи даҳони мардум шудем гӯён, шавҳарам талоқи маро дод. Ҳамин тавр аз рӯйи як гапи дурӯғи авсунам ман бо се фарзанд хонавайрон шудам. Шароити ҳозира ба ҳама маълум аст, ҳар кас аробаи худашро базӯр мекашад. Дар хонаи падару модарам нонхӯрӣ зиёдатӣ нашавам гуфта, ҳамроҳи тағову янгаам ба Русия омадам. Дар як ферма говҷӯш шуда кор мекунам. Ҳар моҳ як қисми маошамро барои кӯдаконам ба хона мефиристаму қисми дигарашро бо умед ҷамъ мекунам, ки илоҷе карда, ягон порча замин бигирам ва дар 10 сол бошад ҳам, ягон хонача сохта, бачаҳоямро аз дари мардум ҷамъ кунам.

-Ҳамроҳи шумо боз ягон зани тоҷик кор мекунад?

-Ҳастанд, вале дар ҳамин ҷо ҳам байни тоҷикон бахилию бадбинӣ ҳаст. Тоҷик тоҷикро чашми дидан надорад. Фаҳмад, ки як ҳамватанаш пули хуб мегирад, дарҳол ба пӯсташ кайк медарояд. Ҳамроҳи мо як гурӯҳ занҳои исфарагӣ кор мекунанд, рӯзе нест, ки бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол накунанд. Хислати бадашонро дида, ман умуман бо онҳо рафтуомад намекунам. Корамро анҷом дода, бо сари хам ба хонаи иҷораи худам меравам, то ки ягон туҳматро дар поям напечонанд.

-Пули иҷораро тағоятон медиҳад?

-Дар ин ҷо тағою ҷиян ва хешу табор гуфтагӣ гап нест, ҳар кас бояд худаш илоҷашро ёфта, аробаашро кашад. Пули иҷораро аз маошам медиҳам ва ба ҷойи се бор дар як рӯз танҳо ду маротиба хӯрок мехӯрам, то ки чор танга пуламро ҷамъ карда, бо назди фарзандонам дасти холӣ наравам.

-Ба занҳое, ки нияти ба Русия рафтан доранд, чӣ маслиҳат медиҳед?

-Фикри муҳоҷиратро аз сарашон дур карда, ягон кораки сабук ёбанду ҳаргиз аз Ватан ва аз фарзандонашон дур нашаванд. Мо дар ин ҷо нон не, заҳр мехӯрем, чунки аз ҳоли фарзандонамон бехабар ҳастем. Нони қоқи Ватан аз бара-кабоби мулки бегона сад бор беҳтар аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД