Arzon march 2024
“Шаҳрибача”-и Шаҳло Ҳафизова дар ютуб ғулғула афканд
1225


Шаҳло Ҳафизова сарояндаи ҷавон ва боистеъдодест, ки бо таронаҳои ҷаззоб ва шеваи хоси сарояндагиаш дар як муддати кӯтоҳ ба дили мухлисони ҳунар роҳ ёфтааст.

Ин бонуи ҳунарманд ду рӯз қабл таронаи навашро бо номи «Шаҳрибача» дар Ютуб-канали худ пешкаши дӯстдорони савту наво намуда, ғулғула барпо кард.

Клиптаронаи мазкурро дар давоми ду рӯз зиёда аз 120 ҳазор нафар тамошо карданд. Матни клиптарона аз Давлатбеки Одинабек буда оҳанг аз Умедҷони Бурҳон аст.

Дар клип ҳунарпешаи ҷавон Шуҷоат Ҷалолиддинов ва модел Сабинҷон нақшофарӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳло Ҳафизова зодаи ноҳияи Рашт буда, оиладор мебошад. Тӯйи ин бонуи ҳунар санаи 20-уми сентябр дар тарабхонаи “Привал охотника” бо ширкати сарояндагони маъруф ва дар доираи қонунгузорӣ дар соҳаи танзим баргузор гашта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД