Беморхонаҳои марказии шаш ноҳияи Тоҷикистон соҳиби 18 мошини нави ёрии таъҷилӣ шуданд.
Мошинҳои нав ба беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Айнӣ, Дарвоз, Данғара, Файзобод, Рашт ва Шамсиддини Шоҳин супорида шуданд. Гуфта мешавад, ки ин техникаи муосир барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, бахусус расонидани ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ истифода хоҳад шуд.
Масъулин таъкид мекунанд, ки дастрасии мошинҳои нави ёрии таъҷилӣ имкониятҳои муассисаҳои тандурустии ноҳияҳоро барои расонидани кумаки саривақтии тиббӣ ба сокинон беҳтар мекунад.