formula
Ӯ шаш сол боз бо ҳамсараш ба кандакорӣ машғул аст
566

 

Кандакор ва армуғонсози ҷавон Азиз Бобоҷонов яке аз беҳтарин ҳунармандони ҷавони тоҷик мебошад, ки аз соли 2018 то инҷониб ба коркарди чӯб машғул аст. Тӯли 6 сол аст, ки ҳамроҳи ҳамсараш Зулола Бобоҷонова ба кандакорӣ машғул буда, сандуқчаҳои кандакорӣ, шона, шоҳмот, китобмонак, табақҳои гулкоришударо бо бренди худ пешкаши сайёҳони дохилу хориҷ мекунанд.

Азиз Бобоҷонов сокини 30-солаи шаҳри Истаравшан буда, дар оилаи дуредгари маъруф усто Одил ба дунё омада, ба камол расидааст. Ҳарчанд падари Азиз аз ҳунари дуредгарӣ огоҳ буд, бештар ба сохтани дару тирезаҳо машғул шуда, ба кандакорӣ рӯй намеовард. Аз ин рӯ, фарзандашро назди усто Алӣ Яҳёев ба шогирдӣ гузошт, то ки аз нозукиҳои ҳунари кандакорӣ воқиф гардад.

Сарфи назар аз ҷавон будани хеш, Азиз Бобоҷонов шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Тавре қаҳрамони мо мегӯяд, таваҷҷуҳи наврасон нисбат ба омӯзиши ҳунар, хоса кандакорӣ хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, Азиз ҳамроҳи ҳамсараш Зулола ба якчанд наврасон ҳунар меомӯзонанд.

Азиз Бобоҷонов имрӯз бо ҳунармандони зиёд ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла барои кордсозон ғилоф ва сандуқчаҳои кордмонӣ месозад. Инчунин рассомони ӯзбек аз қаҳрамони мо барои тасвири расм табақҳои атрофаш кандакорӣ шуда мехаранд. Дастранҷи Азиз Бобоҷонов имрӯз то кишварҳои Имороти Муттаҳидаи Араб, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва кишварҳои Аврупо рафтааст.

Азиз ва Зулола бар он назаранд, ки намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва озмуну ҷашнвораҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ барои ривоҷи ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ мусоидат кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД