toyota motors
Шашмақом - шоҳасари мусиқии ҷаҳонӣ
87

Суруду мусиқии халқи тоҷик таърихи зиёда аз 3000-сола дошта, Шашмақом аз ҷумлаи нодиртарин ва зеботарин намунаҳои мусиқии ин миллати кӯҳанбунёд ба шумор меравад. Мутрибони мумтози тоҷик бо офаридани беҳтарин оҳангу таронаҳои Шашмақом ба он шуҳрати ҷаҳонӣ бахшидаанд.

Ҳанӯз дар замони шуравӣ барои эҳё ва рушду нумӯи ин санъати безавол соли 1964 дар назди Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати РСС Тоҷикистон ансамбли Шашмақом таъсис ёфт. Он дар муддати кӯтоҳ шуҳрат пайдо намуда, яке аз беҳтарин ансамблҳо дар иҷрои мақом дониста шуд.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Ҳукумати кишвар ба фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷик таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд. Аз ин лиҳоз, соли 2000-ум Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи рушди минбаъдаи жанри Шашмақом дар Тоҷикистон" ба имзо расид. Аз ҳамон рӯз эътиборан 12-уми май ҳамчун Рӯзи Шашмақом эълон шуд. Тӯли 26 сол аст, ки меросбарони фарҳанги ниё дар тамоми кишвар ин рӯзро бо шаҳомати хос таҷлил менамоянд.

Шашмақом соли 2003 бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун "Шоҳкории мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии инсоният" эътироф гардид. Соли 2008 ин жанри мусиқии суннатии тоҷик ба рӯйхати намояндагии мероси фарҳангии ғайримоддии инсоният шомил карда шуд. Ин ҳама барои боз ҳам рушду равнақ ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудани ин жанри мусиқӣ мусоидат намуд.

Шашмақом ба инсон на танҳо лаззати маънавӣ мебахшад, балки барои ғанӣ гардидани ҷаҳони ботинии ӯ низ мусоидат мекунад. Дар ин жанри волои мусиқӣ шеърҳое интихоб мегарданд, ки дорои мазмуну муҳтавои баланд ва ғояҳои инсонпарварона мебошанд.

Санъати Шашмақом ҳамчун яке аз арзишмандтарин меросҳои фарҳангии миллати тоҷик асрҳо боз тавассути анъанаи устодиву шогирдӣ аз насл ба насл гузашта, то имрӯз ҷойгоҳи баланди худро нигоҳ доштааст. Оҳангу таронаҳои дилнишини мақомсароён ва навозандагони тоҷик ҳамеша дар қалби мардум маъво гирифта, бахши ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ гардидаанд.

Имрӯзҳо қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ансамблҳои Шашмақом фаъолият намуда, барои ҳифзу тарғиби ин санъати воло саҳми арзанда мегузоранд. Ин таваҷҷуҳ нишон медиҳад, ки Шашмақом на танҳо мероси гузашта, балки ҷузъи зиндаи фарҳанги муосири тоҷикон мебошад.

Баргузории фестивал-озмуни байналмилалии «Шашмақом» таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» дар вилояти Суғд нишонаи таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумат ва мардуми сарбаланди тоҷик ба санъату фарҳанги миллӣ мебошад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД