Sebiston new 2024 october
Шавҳар ё дарди сар? (ҚИСМИ 1)
3835

Гулнор дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаву ба воя расидааст. Баъди хатми донишгоҳ дар як вазорати бонуфуз ба кор даромад. Азбаски дониши хуб дошт, ҳамчун кадри ҷавон дастгирияш намуданд ва ба вазифаи баландтаре гузашт. Падару модари пираш даҳ фарзандро соҳиби маълумоти олӣ карда, хонадор карданд ва барои ҳар кадоме хонаи алоҳида харида доданд.

Гулнор - духтари кенҷаву дўстори хонавода пули ёфтаашро оварда, ба дасти падараш медод. Баъди чанде хостгорон пайдо шуданду ў хонадор шуд. Ҳамсараш Мухтор ҷавонмарди зебое буд, ки баъди фавти падараш модар ӯро танҳо ба воя расонида буд. Хушдомани Гулнор ҳамшираи тиббӣ буд. Чун шавҳараш аз олам мегузарад, дигар ёди шавҳар накарда, бо падару модараш дар хонаи панҷҳуҷрадори кунҷаки пойтахт зиндагӣ мекунад. Падару модараш ғайри ў дигар фарзанде надоштанд ва Мухторро мисли нури дидагон дўст медоштанду эҳтиёт мекарданд. Кампири модараш низ тўйи набераи ягонаашро дида, вафот карду Марҷон, модари Мухтор дар ғам ғӯтид. Танҳо баъд аз насиҳатҳои падари мўйсафедаш миёни худро маҳкам баста, аз пайи зиндагӣ шуд. Мухтор корманди бонк буду боре кораш ба вазорате афтод, ки онҷо Гулнор кор мекард ва бо як дидан ошиқи ин духтараки моҳрўй шуд. Гулнор хостгорони зиёде дошт, вале падараш саргузашти Мухторро шунида, ба хостгорони онҳо розигӣ дод, зеро худаш ятими дар ятимхона бавоярасида буд.

Марҷон - модари Гулнор ҳамеша келини муваффақ меҷўст, зеро мехост келин ҳам ёрирасони писари ягонааш бошад. Вақте фаҳмид, ки писараш ба духтараке ошиқ шудааст, ҳафт пушти ўро санҷида, баъд ба хостгорӣ рафт. Волидайни Гулнор он қадар чизпараст набуданд ва ҳар он чизе қудо овард, ба хубӣ қабул карданду тўйи навхонадоронро хеле зебо гузаронданд.

Гулнори замонавиву нозанин арўсаки хубе шуд, ў хизмати хонаи шавҳарро аз ҷону дил мекард. Субҳи барвақт аз хоб хеста, субҳона тайёр мекард, либосҳои шавҳару хушдоманро дарзмол карда, тайёр мекарду бо онҳо хайру хуш карда, ба кор мерафт. Бегоҳ низ омада, либосҳои корияшро мекашиду зуд аз пайи ғизои шом мешуд. Ширинӣ ва хӯришҳои болаззате тайёр менамуд, падари хушдоманаш аз келин ризо буд ва ҳамеша дуои ҷонашро мекард. Хушдоманаш аввалҳо шукронаи келини ба дасту панҷаашро мекард, ки маошашро тин ба тин ҳисоб карда, ба дасти ў медод ва ҳамеша мисли сарбоз ба хизмат тайёр буд. Аммо баъдҳо…

Беҳуда намегўянд, ки рашки зани танҳо ба келину писар зиёд аст. Марҷон дўстдории писарашро ба келин дида, аламаш меомад, Мухтор то Гулнор ба сари дастархон нашинад, ба хўрок даст намебурд. “Вақти ту намерасад” гўён, дарзмол кардани либосҳои худашу рахти хобу дигар чизҳои ба дарзмол кардан ниёз доштаро ба ўҳдаи худ гирифт. Дигар ҳар субҳ занашро ба мошинаш шинонида, то ҷои кораш мебурд, баъзан “ту дам гир” гўён, худаш ош мепухт, ин ҳама ба чашми хушдоман чун хор мехалиданд.

Боре ў ба писараш, ки ҳамроҳи занаш тиреза мешўст, бо ситеза гуфт:

- Э латта, аз ҳамсояҳо шарм дор!

Мухтор гапро ба шӯхӣ бурда, ҷавоб дод:

- Очаҷон, ҳамсояҳо ба ин корҳои ман одат кардагӣ, о ман ҳама вақт ба корҳои шумо ёрӣ медодам-ку?!

- Иииии, ту маро бо занат баробар мекунӣ?,- гўён, Марҷон ҷанг бардошту се рўз на бо келин гап заду на бо писараш, мўйсафеди падараш ўро хеле сарзаниш кард, вале ин саршавии кор будааст, баъд аз ин, рашку ҷанҷол дар ин хонадон ба ҳукми анъана даромад.

Мухтору Гулнор акнун эҳтиёт шуда, нафас мекашиданд. Ба қавле, агар модар дар хона бошад, онҳо мисли ду одами ба ҳам қаҳрӣ гап намезаданд, дар хонаи хобашон ҳам паст-паст гап мезаданд. Онҳо роҳи дигари бо ҳам буданро ёфтанд, ҳар нисфирўзӣ як ҷо хўрок мехўрданд, мисли ошиқу маъшуқ ба ҳамдигар меҳрубонӣ мекарданд. Ниҳоли умри онҳо бар намеоварду модар ҳар рўз инро таъкид мекард, табобати духтурон ҳам натиҷае надод. Як духтури кўҳансол ба онҳо маслиҳат дод, ки “даҳ понздаҳ рўз якҷоя ба ягон осоишгоҳ рафта, истироҳат кунед, шояд кору бори бисёр хастаатон кардааст”. Аз тарси ғазаби модар зану шавҳар дар як вақт сафари хизматиро баҳона карда, ба Хоҷа Оби Гарм рафтанд.

Модар аввал барои ба сафари хизматӣ рафтани келин розӣ нашуд, вале Гулнор гуфт, ки “ин бисёр муҳим аст ва агар наравам, аз кор сабукдўшам мекунанд”.

- Хубии кор дар он, ки ҳарду дар як вақт ба Хуҷанд ба сафари хидматӣ меравем,- гуфт Мухтор.

Модар ноилоҷ розӣ шуд, зеро келин пули хуб меёфт.

Зану шавҳари ба ҳам ошиқ, ки зери як бом ҳамеша нақш меофариданду аз ин хаста шуда буданд, озоду ширин дувоздаҳ рўз бо ҳам буданд. Онҳо бо ҳам нақша мекашиданд, ба фарзандони ба дунё наомадаашон ном меёфтанд, намедонистанд онҳоро дар хона чӣ интизор аст…

Онҳо баъди анҷоми рўзҳои рухсатии аз ҳисоби худашон гирифта ба хона баргаштанд. Дили Гулнор хиҷил буд, Мухтор ўро тасалло медод, ки “Худо хоҳад, модарам наберадор шавад, муносибаташро бо ту тағйир медиҳад”. Ба Марҷон як ҳамкораш хабар овард, ки келину писарашро дар осоишгоҳ дидааст.

- Модарам он ҷо истироҳат мекунад, ба хабаргирияш рафтаму писару келинатро дидам. Хуш ба ҳолат Марҷон, чӣ қадар келини зебову фарҳангӣ дорӣ, бо писарат мисли ду кафтарак нӯл ба нӯлу қанот ба қанот, аз ҳам серӣ надоранд,- гуфт Мастураи аз дунё бехабар дар дили ҳамкораш оташи сўзони рашк андохта.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД        

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД