shoh palace
Шавҳарам арӯси кампир дорад
3698

Шавҳарам арӯси кампир дорад

Ноларо ҳарчанд мехоҳамки пинҳон даркашам,

Сина мегӯяд, ки ман танг омадам, фарёд кун!

Ман ҷавонзани 25-сола, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Ному насабамро дарҷ намудан намехоҳам, зеро аз маломати наздикон метарсам. Мисоли дигар духтарон ман ҳам замоне донишҷӯ будам, баъди хатми донишгоҳ як сол дар корхонае кор карда будам. Хостгоронам хеле зиёд буданд, вале ҳеҷ кадомаш писандам намешуданд. Хеле мехостам ҳамсафари ҳаётиям марди боимону худотарс ва бовафо бошад. Вақте ки ба синни 24 қадам гузоштам, волидонам дигар аз ман напурсида, маҷбур мекарданд, ки зудтар ба шавҳар бароям. Ҳамин тавр ҳангоми омадани хостгорони навбатӣ ман барои дидани домодшаванда рафтам. Ҷавон хеле дағалу асабӣ буд, фаҳмидам, ки ӯро низ модараш маҷбуран оиладор кардан мехоҳад.

Ба хона омада, ба падарам қатъиян гуфтам, ки домоди ёфтаашон намешавад. Падарам маро наздаш шинонида, хеле насиҳат карда гуфтанд, ки агар ҳоло ба шавҳар набароям, пирдухтар мешавам ва падарам маро намебахшад. Ҳарчанд тамоми шаб гиря карда, ба волидонам фаҳмонидам, ки чӣ гуна ман метавонам завҷаи нафаре шавам, ки барояш писанд нестам ва ӯ низ мақбули дилам нест. Волидонам бо як овоз гуфтанд, ки баъди тӯй ҳамааш хуб мешавад, зеро домодшаванда бо модараш зиндагӣ мекунаду одамони хуб буда, зиндагиашон ҳамаҷиҳата таъмин аст.

Барои он ки падарам аз ман ризо бошад, ман ба ин издивоҷ розигӣ додам. Баъд аз як моҳи тӯям ҳомиладор шуда, моҳи август писарчадор шудам. Ростӣ, аз рӯзе, ки по ба хонаи шавҳар гузоштам, хушҳол будани худро ёд надорам. Шавҳарам шабҳо ба хона намеомад, ҳангоми ҳомиладор буданам бе ягон сабаб ба рӯям шаппотӣ мезад. Ба умеди рӯзҳои нек ҳамаашро таҳаммул мекардам, вале баъди он ки фарзандамро ба дунё овардам, маро мурданивор мезадагӣ шуд. Хушдоманам баъди наберадор шуданаш ба Русия ба хонаи духтараш рафту мо танҳо мондем. Баъди рафтани хушдоманам азобҳои ман дучанд шуданд, шабҳои дарозро бо тифли кучак дар танҳоӣ рӯз мекардам. Шавҳари бекорхӯҷаам дар ягон ҷо кор намекарду танҳо Худо медонист, ки дар куҷо мегардад. Барои он ки оилаам вайрон нашавад, ба ҳамааш тоқат мекардам.

Ростӣ, аз рӯзҳои аввали оиладорӣ эҳсос мекардам, ки шавҳарам нисбати ман сард аст, хеле мехостам чунин фикрҳоро аз сар дур созам, вале дилам аз пешомади баде гувоҳӣ медод. Тақрибан чор моҳ пеш тасодуфан дар телефони шавҳарам паёмакҳои ошиқонаи занеро хондам, ки рӯирост шавҳарамро ба хонааш даъват намуда, ҳар дафъа таъкид менамуд, ки хеле пазмон шудааст. Аз ҳама аламовараш он аст, ки зан 42-сола асту шавҳарам бошад, 27 сол дорад. Чанд рӯз қабл шавҳарам боз маро мурданивор зада, аз хона баромада рафт. Тоқатам тоқ шуда, писарчаамро гирифта, ба хонаи волидонам рафтаму ҳамаашро ба онҳо нақл кардам. Баъди чанд рӯз шавҳарам ба хонаамон омада, дар назди волидонам бахшиш пурсид. Азбаски писарчаам бемор буд, шавҳарам иҷозат дод, ки боз як ҳафтаи дигар дар хонаи волидонам истода, табобатро ба охир расонам. Баъди он ки ба хонаи шавҳарам баргаштам, фаҳмидам, ки тамоми ин рӯзҳоро ӯ бо маъшуқаи пираш гузаронидааст. Ҳарчанд кӯшиш мекунам, ки телефонашро накобам, вале боз барои фаҳмидани ҳақиқат онро ба даст мегирам.

Айни замон дар ҳолати хеле бади руҳӣ қарор дорам, намедонам ояндаи ману шавҳарам чӣ мешавад. Пайваста дар намозҳоям аз Худованд талаб мекунам, ки шавҳарамро ба роҳи рост ҳидоят намояд, вале рӯз ба рӯз муносибатҳоямон бадтар мешаванду беҳтар не. Ягон дилгармиву сабаберо барои идома додани зиндагӣ бо чунин мард намебинам. Агар бо писаракам ба хонаи волидонам баргардам, ду келини модарам ба ман рӯзи хуш намедиҳанд. Вале бо чунин ҳол низ зистану ҳар лаҳза шавҳарамро дар оғӯши зани дигаре тасаввур кардан бароям душвор аст. Сабаб аз навиштани зиндагиномаам дар ҳамин аст, ки аз нафарони рӯзгордида маслиҳат пурсидан мехоҳам. Ба фикри шумо аз шавҳарам ҷудо шавам ё зиндагиро идома диҳам?

Дар охир аз тамоми мардоне, ки мисли шавҳари ман маъшуқаи пинҳонӣ ё арӯс доранд, гуфтан мехоҳам: Илтимос, қалби зани худро нашиканед. Агар шумо худро мусалмон мегиреду зани дигар гирифтанро мувофиқи шариат раво мешуморед, аввал зани якуми хударо таъмин намоед, баъд ҳавои зани дигарро ба сар кунед.

Д.Б.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
аламдида 2022-01-26, 08:57
апаи азизам токат кун дар хамаш хозира мардон хамашон хаминхел хастанд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
аламдида 2022-01-26, 08:57
апаи азизам токат кун дар хамаш хозира мардон хамашон хаминхел хастанд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД