arzon november
Шавҳарам аз ҷойгаҳи хоб мегурезад
23.04.2022
ОИЛА
1005


Ману шавҳарам муддати 8 сол аст, ки бо ҳам оиладор ҳастем. Баъди он ки фарзанди дуюмамро ба дунё овардам, шавҳарам бо баҳони он ки шабҳо кӯдакон хобашро халалдор месозанд ё хонаи хоб гарм асту вай телевизор тамошо кардан мехоҳад, дар хонаи дигарӣ худаш танҳо хоб меравад.

Гап сари он аст, ки кӯдакони ман шабона тамоман гиря намекунанд ва хонаи хобамон ҳам гарму нафасгиркунанда нест. Барои он ки шавҳарам розӣ бошад, ман он ҷо телевизор ҳам насб кардам, вале ӯ ҳамоно дар хонаи дигар хоб меравад. Аз ҷангу муноқиша хаста шуда, чанд шаб рафта дар наздаш хоб рафтам, вале як сол шуд, ки шавҳарам ба хонаи хобамон баргаштан намехоҳад. Ман аз ҷумлаи занҳои чиркинак ҳам нестам, ба тозагиву сари либоси худ диққати хоса дода, дар як рӯз ду маротиба оббозӣ мекунам. Панҷ вақт намозамро тарк намесозам. Манбаи даромад низ дорам, хулоса панҷ панҷаам ҳунар аст. Шавҳарамро дӯст медорам, вале чунин рафтораш маро дилхун месозад. Маъшуқа доштан ё надоштанашро намедонам, зеро сари вақт ба хона меояду боре барои шубҳа карданам сабаб пеш наовардааст. Чанд маротиба сари ин масъала бо шавҳарам гуфтугӯ карда гуфтам, ки агар рафторашро дигар накунад, мо ҷудо мешавем.

Баъд аз моҷарои ман шавҳарам ҳамагӣ чанд рӯз ба хости дили ман амал мекунаду боз ҳамааш аз нав такрор меёбад. Дар муддати 3-4 моҳ мо як маротиба бо ҳам муносибати маҳрамона мекунему халос.

Аз чунин зиндагӣ хаста шудаам, чӣ кор карданамро намедонам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Д.Б.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД