arzon replenishment
Шавҳарам зани пинҳонӣ доштааст
2673

 

Дар зиндагӣҳодисаҳое рух медиҳад, ки ба ақли кас рост намеояд.Ману шавҳарам мисли Лайливу Маҷнун ба ҳам ошиқ шудаву баъдан издивоҷ намудем.

Мани яктопараст ҳамеша боварӣ доштам, ки ман ҳам барои шавҳарам ягона ҳастаму ӯ ҳаргиз ба ман хиёнат нахоҳад кард. Баъди 18 соли зиндагии муштарак дарак ёфтам, ки шавҳарам боз як зани дигар ва писарча доштааст.

Бовар кунед, аз шунидани ин гап аз ҳуш рафтам. Фишори хунам баланд шуд. Он қадар сӯхтам, ки дарду ранҷамро бо сухан тасвир карда наметавонам. Шавҳарам баъди 18 сол аввалин бор ба гуноҳаш иқрор шуда, гуфт ки 8 сол қабл котибаи худро пинҳонӣ ба занӣ гирифтаасту аз ӯ писарча дорад.

Шавҳарам гуфт, ки муносибаташ бо ин зан тасодуфан оғоз шудааст. Котибааш дар аввал гуфтааст, ки барои худаш кӯдак таввалуд мекунаду ҳамин тавр баъди тавлиди писарча виҷдони шавҳарам нагузоштааст, ки фарзандашро партояд. Хиёнати шавҳарам маро бе корд кушт, ҳеҷ ба худ омада наметавонам.

Ҳарчанд сари ин мавзуъ дигар гап назадем, вале дар дил ӯро набахшидам. Ман аз он ки 18 соли умрамро барои шавҳарам бахшидаму ӯро аз ҷонам бештар дӯст дошам, хеле ранҷ мекашам.

Аз минбари ҳафтаномаи “Оила” ба тамоми мардон гуфтан мехоҳам: Бародарони гиромӣ, илтимос, занҳои худро фиреб накунед. Фаромӯш накунед, ки зан ҳам дил дорад!
Таҳияи Шаҳло

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД