arzon replenishment
Шавҳарам зани рафиқашро гирифт Қисми 1
1496

 

Дигар хаста шудаам аз нолидан, шикоят кардан, касеро паст задан, носазо гуфтан. Ростӣ, ҳамин қиссаро ҳам навиштанӣ набудам, вале як бонуи фарҳангӣ боварам кунонид, ки агар онро рӯи коғаз оварам, дардам сабук мешавад. Аз шикастҳои пай дар паи тақдир асабҳоям хеле хароб шудаанд, бо бонуи насиҳатгар ҳам дар аввал ҷанг карда, пасон бо ҳам дугона шудему ба ӯ рози дил кардам...

Аз маркази савдои «Ашан» харид карда, бо аробачаам ба назди касса рафтам, аз пушти ман зани қоматбаланди зебое навбат гирифт. Дар аробачаи ман молҳои ниёзи аввал, дар сабади вай бошад, тамоми нӯшу неъмати дунё буд, ҳамин вақт марди хушқаворае ба зан наздик шуда гуфт:

-Барои кӯдакон йогурт гирем?-Зан дар ҷавоб бо табассуми малеҳ гуфт, -йогуртҳои дирӯз овардаатон ҳоло тамом нашудаанд.
Мард телефонӣ бо касе гап заду ман аз зан пурсидам, ки ин кас шавҳаратон? Ӯ маҳзунона посух дод:
-Шавҳарам ду сол пеш фавтида буд, ин кас рафиқи наздикашон, ҳарчанд худам кор мекунаму аз чизе камбудӣ надорем, вале аз аҳволи ману фарзандонам ҳар рӯз хабардор аст.
Хун ба сарам зад, дар симои он мард шавҳари бевафои худро дида, бо садои баланд гуфтам:
-Шумо беваҳо, шавҳарҳои мардума ҳамин хел кашида мегиред, дар ҳамин замона фарзанди падар ба якдигараш меҳр надорад, бегона метавонад ба касе беғаразона ёрдам кунад?!-Рангу рӯи зан канд, лабонаш пир-пир париданд ва мисли латтакӯҳна пеши пойи ман афтид. Ман аз тарс намедонистам чӣ кор кунам, хайрият касе ба таҳқирҳои ман аҳамият надода будааст. Мард ин ҳолатро дида, давида омада, ӯро оғӯш карда, каноре бурд, ман саросема пули харидамро додаму аз фурӯшгоҳ берун шудам.

Чанд рӯз дар бораи он зан зиёд фикр карда, аз кирдори худ пушаймон шудаму фишорам баланд шуд. Вақте барои ташхис ба назди духтур рафтам, ҳамон занро дар беморхона дидам, ки ба аёдати модараш мерафтааст. Вақте рӯ ба рӯ шудем, худро ба нодонӣ задам, вале зан “ҳой хоҳар” гӯён, аз пуштам омад ва мо шинос шудем. Анора дар ҳақиқат зани тиллоӣ будааст, ман аз ӯ узр пурсида, сабаби чунин рафтор карданамро шарҳ додам:
-Бо ҳамсарам якдигарро дӯст дошта хонадор шудем, мо ҳамсабақ будем. Баъди хатми донишгоҳ ман дар як ширкати сохтмонӣ муҳосиб будаму ҳамсарам корманди бонк.

Зиндагии тинҷу осуда ва ширине доштем, чор фарзандамон зиндагии моро зеботар мекарданд. Шавҳарам ду писару ду духтарамонро чунон дӯст медошту барояшон шароит фароҳам меовард, ки ҳаваси ҳама пайвандон меомад. Мо дар ҳавлии дуошёнаи босафо умр ба сар мебурдем ва аз чизе камбудӣ надоштем. Кори ман ҳам хуб буд, савори мошини зебои хориҷӣ ба кор рафта меомадаму ҳаваси занҳои ҳамсояро меовардам. Ҳамсарам Сӯҳроб марди болобаланди хушсурат ва хеле меҳрубон буд, мо ҳамеша ҳамроҳ ба хориҷа барои дамгирӣ мерафтем. Сӯҳроб дар оилаашон як писар буд ва як хоҳар дошт, падараш ҷавон ва модараш баъди шаш соли тӯйи мо оламро падруд гуфтанд. Шавҳарам як рафиқ дошт, ки мисли акаву додар буданд, Шараф низ дар оилаашон як писар буд, падари ӯ низ ҷавон гузашта буд, вале модари пираш барои Сӯҳроб мисли модараш азиз буд.

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД