formula55
Шавҳари пинҳонӣ (қисми 3)
1849

Идомааш ...

Тобистон фаро расид, писараш барои ӯ ва аҳли оилааш ба осоишгоҳи «Баҳористон» роҳхат гирифт, духтару домодаш ба деҳа рафтанро ташвиқ мекарданд, Гуланор мегуфт, ки барои ман истироҳат дар деҳа рӯҳу илҳом мебахшад.

Гуланор мехост келину писараш танҳо ба истироҳат раванд, дили худаш ҳам танҳоӣ мехост ва ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм» роҳхат гирифт. Ӯ чун ҳар вақта ҳуҷраи люкси якнафара гирифту аз ҷомадонаш “Девон”-и Гулрухсорро бароварда, рӯйи миз гузошт. Дигар ӯ буду шеъру табиати зебоманзари ин диёри биҳиштосо.

Гуланор субҳи барвақт, ки бошандагони осоишгоҳ дар хоби ноз буданд, берун мебаромаду аз ҳавои тозаи атроф нафас гирифта, дар талу теппаҳои сабз гардиш мекард. Ӯ медид, ки ҷавонмарди болобаланде низ амали ӯро такрор мекунад, субҳи сеюм ҷавонмард наздаш омада, салом дод.

Гуланор ба саломи ӯ ҷавоб дод, ҷавонмард худро Ҷамил муаррифӣ кард ва онҳо қариб ним соат аз ину он сӯҳбат карданд. Мард хеле боадаб, як каме шармгин ҳам буд, чашму абрӯвони зебо, қомати баланд ва мӯйи мошу биринҷаш ӯро хеле босалобат нишон медоданд. Ҷамил ба Гуланор муаллима гӯён, муроҷиат мекард, зан бошад, ӯро додари азиз мегуфт.

Бонуи зирак медид, ки додар гуфтанҳои ӯ ба соҳиби нигоҳи зебо намефорад, аммо намехост ба вай шонсе диҳад. Ҷамил дар як корхонаи пойтахт муҳосиб будааст, онҳо телефонҳои якдигарро гирифтанд. Ҷамил як рӯз пеш аз осоишгоҳ рафт ва рӯзи дигар дар назари Гуланор ҳама ҷо беранг тофт, зан аз ин эҳсос тарсид… наход ошиқ шуда бошад?

 

Зангӯлаи бахт

Баъди ба шаҳр омадан Ҷамил бисёр занг мезад, ҳамин тавр зангҳои ин ҷавони қоматбаланди зебо, ки сездаҳ сол аз Гуланор хурд буд, як ҷузъи зиндагияш шуданд. Зани ташнаи меҳру муҳаббат аз ҷон ошиқи ин ҷавонмарди зебо шуд, ки ҳамсараш бемории рӯҳӣ дошту ду фарзандашро ҳамроҳи зани бемораш саробон буд.

Онҳо пинҳонӣ ақди никоҳ бастанд, ҳарчанд Ҷамил мехоҳад, ки Гуланорро бо волидону фарзандонаш шинос кунад, аммо зан метарсад. Аз номи баландаш, аз вокуниши фарзандонаш, аз таънаи хешу бегона, сахт метарсад…

Гуланор баъзан ба андеша меравад, ки Худованд ду бор ба вай ишқро тӯҳфа кард, аммо бо имтиҳони бузурге. Ба хотири Карим аз падару модар, хешу ақрабо ва шаҳри кӯдакиҳояш ҷудо шуд. Онҳо ӯро ба хотири шавҳари бегона карданаш набахшиданд ва доим дар рӯяш мекашиданд, ки ту гапи моро нагирифтӣ, бева мондӣ.

Имрӯз намехоҳад, ки ба хотири ишқи Ҷамил аз муҳаббати фарзандонаш бенасиб монад. Духтараш, ки ҳамроҳаш мисли дугона аст, баъзан дар танҳоиҳо мегӯяд, ки “очаҷон шавҳар кун”. Ду сол боз бо Ҷамил зиндагии пинҳонӣ дораду метарсад ба ӯ гӯяд, ки “духтарҷон ман шавҳар кардам ва хело хушбахтам”.

Аҷаб сюрпризҳое дорад тақдири инсонӣ…

Анҷом

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД