Arzon march 2024
ШЕРДИЛ ПИСАРХОНДИ НАИМҶОНИ САЙДАЛӢ ШУД?
3785

Овоза

Чанд моҳ мешавад, ки наврасе бо номи Шердил интернетро ба ларза овардаву ҳаводорони бешумор пайдо кардааст. Агар рости гапро бигӯям, ин навраси боистеъдод садои форам дорад ва дар оянда аз ӯ овозхони хуб мебарояд, ба шарте ки пайваста аз болои худ кор кунад. Шогирди Наимҷони Сайдалӣ будани Шердилро медонистам. Боз медонистам, ки Наимҷон ба Шердил кӯмак мекунаду ҳаққи устодӣ дорад. Аммо чанде пеш хабар ёфтам, ки Наимҷон Шердилро расман ба фарзандӣ қабул кардаасту аз ин пас ҳар ду чун падару писар ҳамроҳ зиндагӣ мекунанд. Агар ин овозаи шунидаам ҳақиқат дошта бошад, пас Наимҷони Сайдалӣ беҳтарин амалро иҷро кардааст. Аз шумо-кормандони ҳафтаномаи “Оила” хоҳиш мекунам, ки ҳақиқати ин овозаро муайян карда, баъдан дар бораи Шердил ва падару модари ӯ маълумот бидиҳед, зеро мо то ҳол намедонем, ки чаро Наимҷон Шердилро ба фарзандӣ қабул кардааст. Магар падару модари Шердил аз фарзанди худ даст кашидаанд? Ҳамсари Наимҷон бо Шердил чӣ гуна муносибат дошта бошад?

Шарора Муродова,

хонандаи доимии “Оила”,

аз ш.Турсунзода

Ҳақиқат

Шарораи азиз, дуруду сипос ба шумо, ки фурсат пайдо намуда, ба унвони гӯшаи “Овоза ва ҳақиқат”-и ҳафтаномаи мо нома ирсол намудед. Шердил Исматов ҳамагӣ 13 сол дорад ва ба хурдсолиаш нигоҳ накарда, аллакай доираи мухлисони худро пайдо кардааст. Чуноне ки худи Шердил дар барномаи “Дурбин” нақл мекунад, ӯ дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, аз худаш хурд бо номи Сайҳуна як хоҳарак дорад. Вақте падару модари Шердил аз ҳам ҷудо мешаванд, падараш зани дигар мегираду модараш ба Русия меравад, то пул кор карда, фарзандонашро ба воя расонад. Баъди ба муҳоҷират рафтани модараш, Шердил аз бадгуфториву дағалиҳои моиндараш (яъне, зани дувуми падараш) ба ҷон расида, ба деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ, ба хонаи бибии модариаш мекӯчад. Ҳоло падари Шердил бемор аст ва ҳамроҳи зани дувумаш зиндагӣ дорад. Модараш низ бо даъвати Наимҷони Сайдалӣ аз Русия баргашта, алъон дар ноҳияи Восеъ ба сар мебарад. Дар мавриди Шердилро расман ба фарзандӣ қабул кардани Наимҷони Сайдалӣ шунидаатон дуруст аст. Дар ҳақиқат Наимҷон Шердилро бо розигии модараш ба номи худаш гузаронида, тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро омода кардааст. Феълан Шердил дар шаҳри Душанбе ҳамроҳи қаблан устод ва акнун падараш Наимҷони Сайдалӣ зиндагӣ мекунад ва дар МТМУ №66-и ноҳияи Сино таҳсил карда истодааст. Наимҷони Сайдалӣ, ки соли 2017 оиладор шудаву то ҳол соҳиби фарзанд нашудааст, Шердилро чун фарзанди худ дӯст медорад. Ҳоло ӯ ният дорад, ки барои модари Шердил аз маркази шаҳри Бохтар хона бихарад, то модару писар сарҷамъ шуда, зиндагии худро давом диҳанд. Ҳамсари Наимҷон бо Шердил муносибати хуб дошта, Шердил низ ӯро модару Наимҷонро падар мегӯяд. “Тобистони соли гузашта дар ноҳияи Рӯдакӣ барномаи “Мешиносӣ ё не?”-ро бо Хайриддини Бозор сабт мекардем, ки Шердил аз пешамон баромад. Ӯ ҳамчун роҳгузар дар барнома иштирок карду як суруд хонд. Баъди нашр шудани барнома бисёриҳо навиштанд, ки Шердилро ёфта, дастгирӣ кунам. Баъди як моҳи ҷустуҷӯ ӯро аз ноҳияи Восеъ ёфта, ба Душанбе овардам”,-нақл мекунад Наимҷони Сайдалӣ дар барномаи “Дурбин”. Мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” дуо мекунем, ки Наимҷони Сайдалӣ соҳиби фарзанд шаваду Шердил ба қуллаҳои баланди санъат бирасад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД