Салом! Ангуштарин дар хоб рамзи бахт ва ҳаёти оилавӣ буда, гум кардан ё шикастанаш хосияти хуб надорад. Калонсолон мегӯянд, ки агар зан дар хоб ангуштаринашро гум кунад ё онро касе дуздад, аз шавҳараш ҷудо мешавад. Ман дишаб хоб дидам, ки ангуштарини тиллоиям шикастааст. Ростӣ табъам бисёр хира шуда, сахт хавотир ҳастам. Шавҳарам дар Русия аст, метарсам, ки бо вай ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳад. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.
САДБАРГ
Посух:
- Хоҳари азиз, озурда набошед, зеро на ҳар хоб таъбири бад дошта метавонад. Аслан хобҳо 3 намуд мешаванд: хобҳои раҳмонӣ, ки бо воситаи чунин хоб офаридгор инсонро аз рӯй додани ягон ҳодисаи хуб ё бад дар ҳаёташ огоҳ кардан мехоҳад, хобҳои шайтонӣ, ки тавассути чунин хобҳои даҳшатнок иблис одамро тарсондан ё аз зиндагӣ навмед гардонидан мехоҳад ва хобҳои парешон, ки аз асабоният ва хастагӣ мебинем ва ҳеҷ таъбире надоранд.
Акнун меоем сари хоби шумо. Таъбири хоб ба синну соли шахси хобдида вобастагӣ дорад. Духтари ҷавон ангуштарини шикаста хоб бинад, шахсе, ки дӯсташ медорад, ба вай хиёнат карда, дилашро мешиканад. Чунин хоб метавонад ҳамчунин як навъ огоҳӣ бошад, ки дар атрофи духтар одамони ҳасуд зиёданд ва мехоҳанд иғво ангехта, ӯро бо ёраш ҷанг андозанд ва ҷудо кунанд.
Духтари дар фотиҳа буда ангуштарини шикастагӣ хоб бинад, номзадаш ӯро ба марди дигар рашк мекунад. Духтар бояд эҳтиёт бошад ва ҳар қадами худро дониста гузорад, то бо дасти худаш ба решаи ниҳоли бахташ табар назанад.
Зани шавҳардор хоб бинад, ки ангуштаринаш шикастааст, байни ӯ ва ҳамсараш баҳсу мунозира сар зада, бовариро нисбат ба ҳамдигар аз даст медиҳанд.
Зани калонсол ангуштарини шикаста хоб бинад, ошиқи хирае пайдо мешавад, ки ӯро думболагирӣ намуда, ба ғазаб меорад. Зане, ки чунин хоб дидааст, агар худро ба даст гирифта, аҳамият надиҳад, ошиқи хира баъди чанд вақт худ аз худ аз ҳаёташ гум мешавад.
Марди ҷавон ангуштарини шикастагӣ хоб бинад, ба зани шавҳардоре ошиқ мешавад. Ин хоб рамзи оқибати хуш надоштани муносибатҳои ошиқонаи онҳост, бинобар ин, хуб мешавад, ки аз ин ишқ сари вақт даст кашад.
Марди калонсол ангуштарини шикастагӣ хоб бинад, дар чойи кораш ягон мушкилӣ сар мезанад.
Марди оиладор ангуштарини шикастагӣ хоб бинад, бояд нисбати ҳамсараш меҳрубонтар шавад, то ки душманонашон оилаи ободи онҳоро бо туҳмату бӯҳтон вайрон насозанд.
Ҷавони муҷаррад чунин хоб бинад, муносибаташ бо духтари дӯстдоштааш вайрон шуда метавонад, бинобар ин, ҷавон бояд забонашро нигоҳ дорад ва ҳарфи ноҷое назанад, ки боиси озори дили духтар гашта метавонад.
Дар хобномаҳо омадааст, ки ангуштарини шикастагӣ дар хоб рамзи ноумедӣ дар зиндагӣ низ буда метавонад. Касе, ки чунин хоб мебинад, бояд кӯшиш кунад, ки дар ҳама ҳолат худро ба даст гирифта, навмед нашавад ва ҷангу ҷанҷол карда, дили дигаронро озор надиҳад. Агар сабур бошад, мушкилиҳо худ ба худ ҳал шуда, боз дар ҳаёташ рӯзҳои хуб ва пур аз шодию фараҳ оғоз меёбанд ва хушбахту комёб мегардад.