arzon replenishment
Шикояти волидайн аз рӯи фарзанди бадмаст
529

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, ки дар асоси муроҷиати волидайн як сокини шаҳри Душанбе бо сабаби азият додани онҳо дастгир карда шуд.

Диловар Абдураҳимов, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р. Набиев, пайваста машрубот нӯшида, дар ҳолати мастӣ волидайни худро озору азият медодааст.

Саннаи 30-юми майи соли ҷорӣ, тахминан соати 09:00, Абдураҳимов Диловар боз дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиш омада, бо падару модари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон ба амр ва талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, дар ҳолати мастӣ нисбати дигар атрофиён низ бо алфози қабеҳ дашном дода, боиси халалдор гаштани оромии шаҳрвандон гардидааст”, - навиштааст РВКД-и пойтахт дар сомонааш.

Тибқи иттилои ин ниҳод, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Диловар Абдураҳимов барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва модарозориву итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия маводи зарурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол карда шудааст. Суд нисбат ба номбурда ба муҳлати 15 шабонарӯз ҷазо татбиқ намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД