Formula july 2024
Шираи картошка дарди меъдаро даво мебахшад?
383

Агар шумо 200 грамм картошкаи ҷӯшонидашударо бихӯред, метавонед дар 1 рӯз меъёри якрӯзаи витамини С-ро ба даст оред. Илова бар ин, шумо метавонед витамини Е, як эликсир барои пӯстро ҷавон кардан, аз картошка гиред. Инчунин, дар таркиби картошка миқдори зиёди каротин мавҷуд аст, ки барои ҷисм зарур аст. Картошка ҳар қадар зард бошад, каротин ҳамон қадар зиёд мешавад.

Агар картошкаро аз пӯст дур карда, дар ҷои варамкарда гузошта банданд, шифо мебахшад.

Шарбати картошка дарди меъдаро шифо мебахшад. Инчунин барои захми меъда ва рӯдаҳо, дар қабзият хеле муфид аст.

Шарбати картошка зардаҷӯшро рафъ месозад.

Шарбати картошка миқдори қандро дар хун кам мекунад. Аз ин рӯ, дар оғози диабети қанд нӯшидани шарбати картошка хеле муфид аст.

Дар буғи картошкаи ҷӯшонидашуда рӯйро доштан, барои шамолхӯрӣ ва зуком хеле муфид аст.

Агар картошкаи хомро аз танӯр берун карда, дар рӯй бимоланд ва пас аз 15 дақиқа дар оби гарм бишӯянд, пӯсти рӯй нарм ва ҳамвор мешавад.

Картошкаро бурида, ҳамчун шамъча месозанд ва агар шабона барои бавосир гузоранд, дарди онро кам мекунад. Агар саҳар шарбати картошка бинӯшед, аз бавосир халос шудан мумкин аст.

Картошка устухонҳоро мустаҳкам ва нури чашмро тез мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД