goodwell
Шӯхиҳои намакини оилавӣ
12.07.2026
Oila.tj
42

Боғча

Падар барои писараш ба боғчаи бачагона рафта, ба мураббия мегӯяд:

- Истед, о ин писари ман нест ку!

Мураббия:

- Э фарқаш чӣ ако, пагоҳ саҳарӣ гирифта меоред ку!

Ҳилла

Марде дӯсташро ғамгин дида мепурсад:

- Ба ту чӣ шуд?

- Занам ба истироҳатгоҳ меравад.

- Барои ҳамин зиқ шудӣ?

- Э не, агар ман хушҳол шавам, ӯ аз фикраш мегардад!

Питзо

Марде ба назди духтур рафта мегӯяд:

- Духтурҷон, дирӯз ман тасодуфан питзоро бо коғазаш хӯрдам. Акнун ман мемирам?

Духтур:

- Ҳамаи мо рӯзе мемирем...

Бемор:

- Ҳама мемиранд? Даҳшат, ман чӣ кор кардам!

Аскарӣ

Духтаре дар назди комиссариати ҳарбӣ истода, сахт гиря мекунад. Дарбон бо раҳм мепурсад:

- Дӯстдоштаатро ба аскарӣ бурданд чӣ?

Духтар:

- Ҳаа, ҳарсеяшро!

Ипподром

Дар автобус марде аз гарданбанди пеши бари зане, ки овезааш ҳайкалчаи аспро дорад, чашм намеканад. Зан тоқат накарда мепурсад:

- Ҳа, аспак маъқул шуд чӣ?

Мард:

- Не, ипподром маъқул шуд!

Курта

Дар тӯйи арӯсӣ кӯдаке гум мешавад. Аз ӯ мепурсанд:

- Модарат чӣ гуна курта пӯшидааст?

Кӯдак бо гиря:

- Куртаи холаамро...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД