Commerce bank may-june 2026
Шодии худо дар шодии падар аст (ҚИСМИ 1)
266

Ашки талху пушаймонӣ ҷорӣ мешуд аз дидагони як вақтҳо хушрӯю ошиқкушаш. Зор-зор, бо аламу ҳасрат мегиристу “падарҷон, маро бубахш” гӯён фарёд мекард. Вале ба доди ӯ касе намерасид.

Фирӯза тани танҳо дар кулбаи фарсудае умр ба сар мебурду фақат ашки талх мерехт. Ба гӯшаш суханони пурҳикмати бобояш садо медоданд: “Бузургон гуфтаанд, ки шодии худо дар шодии падар аст. Сарпечӣ аз падар - сарпечӣ аз худо аст”.

Аммо, ҳайҳот, падари меҳрубону ғамхораш зери хоки сард маскан дораду тавбаю надомати духтарашро намешунавад.

Фирӯза аз хурдӣ аз модар ятим монда, зери сарпарастии падар ба воя расида буд. Фирӯзаю Ҷамшедро падар бо азобу машаққати зиёд калон карда, ба воя расонид. Бо маоши ночизи муаллимӣ ба каму кости зиндагӣ тоқат мекард. Оқибат бахт ба рӯйи у хандид. Ба воситаи язнааш ба идораи бонуфузи тиҷоратие ба кор даромад. Рӯзгорашон хубу кордашон болои равған буд. Акнун ӯ ба орзуи ягонааш расид. Мехост, ки фарзандонаш аз чизе камӣ надошта бошанд. Чизи мехостаашонро харида медод. Хулоса, акнун онҳо гули хӯрокро, гули пӯшокро мехӯрданду мепӯшиданд.

Падар Фирӯзаро баъди хатми мактаби миёна барои таҳсил ба донишгоҳ монд. Мехост ӯро ба писари яке аз дӯстони хубаш ба шавҳар дихад. Ба тӯй тайёрӣ медид. Ҳавасҳои зиёде дошт. Аммо духтар бехабар аз нақшаҳои падар бо ҷавоне ишқварзӣ мекард. Ҷавонмардро зану се фарзанд буд. Борҳо қасам мехӯрд, ки гӯё занашро кайҳо сар додааст. Духтаракро ба доми худ афтонда, бо ваъдаҳои хушку холӣ даст ба номуси ӯ зад. Падар бо ҳазор умеду орзу Фирӯзаро ноншиканон кард. Рӯзи тӯй ҳам муайян шуд. Вале Фирӯза аз хона фирор кард. Се рӯз бедарак гум шуд. Ҷойи накофтагӣ намонд. Баъд аз се рӯз худи Фирӯза музтару сарсон ба хона баргашта омад.

- Куҷо будӣ, духтарам?

- Ман дигареро дӯст медорам, падар.

- Майлаш духтарам, ҳаминро барвақттар гӯйӣ, намешавад? Ман ҳам замоне модари раҳматиатро дӯст дошта, хонадор шуда будам. Дӯст доштан гуноҳ нест. Ту ба ин ҷавон бигӯ, ки хостгор фиристад. Ман худам тамоми маъракаи тӯйро мегузаронам. Ту хушбахт бошӣ, шуд.

Фирӯза шоду мамнун назди Руслан омад. Гапи падарро ба ӯ расонид. Руслан худро ба нодонӣ зада, гуфт, ки худи пагоҳ бегоҳӣ хонаводаашро ба хонаи онҳо мефиристад. Падар барои омадани хостгорҳо тайёрӣ дид. Хариди бисёр карда, палави дегӣ пухт. Хоҳару язнаашро низ даъват намуд. Аммо шаб саҳар шуду аз меҳмонҳо дараке набуд. Руслан дидаву дониста духтарро фиреб мекард.

Фирӯза ба хонаи хобаш даромада, бо овози баланд гиря кард. Падар аз дил гузаронид, ки мабодо духтараш ба ғам мубтало ва аз ақл бегона нагардад. Духтарашро ҷеғ зада, насиҳат кард:

- Духтари беақли ман, ғам нахӯр. Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд. Сар амон бошад, кулоҳ ноёб нест, духтарам. Он номардро аз хотират барор. Рӯзҳои хубу ширини ту дар пешанд.

Фирӯза аз ин гапи падар тасаллӣ ёфта, ба худ қасам хӯрд, ки дигар ҳеҷ гоҳ бо Руслан вонамехӯрад. Вале боз Руслан пайти мувофиқ кофта, пеши роҳи ӯро гирифт. Баҳона пеш овард, ки падараш он бегоҳӣ сахт касал шудааст. Фирӯза ба ӯ бовар карда, машғули айшу ишрат буд. Аз дарсҳо тамоман қафо монда, шабҳо дер ба хона меомад. Рангу рӯяш канда, доимо дилаш беҳузур мешуд. Падар ӯро “шояд меъдадард шудагист” гӯён, ба беморхона барои ташхис бурд. Духтурзанак баъди муоина гуфт:

- Духтаратон шавҳар дорад?

- Ҳоло ба шавҳар набаромадааст.

- Пас, аз осмон ҳомила шудааст,- заҳрханда карда, гуфт духтурзан.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД