Утеря
Шодиву ғами Меҳрнигори Рустам
108

Шодиву ғами Меҳрнигори Рустам
Дар рӯзҳое, ки сарояндаи маъруфи тоҷик Меҳрнигори Рустам дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб аз гирифтани ҷоизаи байналмилалӣ шодмонӣ мекард, аз Душанбе ба ӯ хабари нохуш расид. Дар бинои истиқоматие, ки манзили сароянда ҷойгир аст, сӯхтор сар зада, ба гуфтаи худаш, манзили ӯ низ осеб дидааст.
 
Зиқ шудам
Меҳрнигор бо нашри наворе дар саҳифаи «Instagram»-и худ аз ин ҳодиса хабар додааст. Ба гуфтаи сароянда, ҳангоми сар задани сӯхтор ӯ дар Дубай қарор дошта, ҳамсоягонаш телефонӣ аз ҳодиса огоҳаш кардаанд.
Сароянда аз вазъи баамаломада изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки сабаби сар задани сӯхтор барояш маълум нест.
«Ин қадар зиқ шудам, ки дилам сиёҳ аст, ростӣ. Намедонам сабабаш чист... Бинои мо дар ҳолати бад қарор дорад», - гуфтааст Меҳрнигор дар навори худ.
Ӯ аз мақомоти шаҳри Душанбе хоҳиш кардааст, ки ба ин масъала расидагӣ намуда, барои муайян кардани сабабҳои ҳодиса чораандешӣ кунанд.
То ҳол дар бораи вақти дақиқи сӯхтор, сабабҳои сар задани он ва ҳаҷми зарари расида маълумоти муфассал дастрас нест. Мақомоти дахлдор низ ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.
 
Ҷоизаи байналмилалӣ дар Дубай
Ин ҳодисаи нохуш дар ҳолест, ки Меҳрнигори Рустам чанде пеш дар шашумин маросими байналмилалии The EMIGALA 2026, ки 15-уми ноябр дар Дубай баргузор гардид, бо ҷоизаи «Star of the Night» («Ситораи шаб») қадрдонӣ шуд.
Нашрияи байналмилалии Soigné Middle East рӯзи 16-уми ноябр номи сарояндаи тоҷикро дар рӯйхати барандагони ин ҷоиза нашр кардааст.
Soigné Middle East рӯзи 16 ноябр бо нашри рӯйхати барандагони ҷоиза хабар додааст. Номи Меҳрнигори Рустам дар бахши «Star of the Night» дар баробари Аманда Маалуф ва Ҳамза ал-Маҳдавӣ зикр шудааст.
Маросими The EMIGALA яке аз чорабиниҳои байналмилалии бахши мӯд ва зебоӣ дар Дубай буда, чеҳраҳои маъруфи санъат, олами мӯд, соҳибкорӣ, расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро гирди ҳам меорад.
Имсол ин чорабинӣ рӯзҳои 14 ва 15 ноябр дар Festival Bay, воқеъ дар маҷмааи Dubai Festival City Mall, баргузор шуд. Рӯзи аввал ба мулоқотҳо ва суҳбатҳои тахассусӣ бо иштироки намояндагони соҳаҳои гуногун бахшида шуда, шоми 15 ноябр маросими асосии ҷоизасупорӣ доир гардид.
Ба иттилои нашрияи Complex MENA, созмондиҳии чорабинӣ аз ҷониби ширкати SHINE Entertainment сурат гирифтааст. Дар маросим ҳунармандони маъруф, тарроҳон, соҳибони брендҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои таъсиргузори шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузур доштанд.
 
  
Дар баробари Меҳрнигори Рустам, сарояндаи фаронсавӣ Слиман (Slimane) соҳиби ҷоизаи «Global Style Icon», ҳунарпешаи турк Дилан Чичек Дениз барандаи ҷоизаи «Global Fashion Icon of the Year» ва ҳунарпешаи мисрӣ Ҳасан ар-Раддод соҳиби ҷоизаи «Arab Style Icon» гардиданд.
Ҳамчунин, тарроҳи маъруф Жорж Чакра ҷоизаи «Couture Designer of the Year»-ро соҳиб шуда, Карен Вазен дар бахши «Accessories Brand of the Year» қадрдонӣ гардид.
Меҳрнигори Рустам аз сарояндагони шинохтаи Тоҷикистон ба шумор меравад, ки қаблан низ дар чорабиниҳои байналмилалӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Аз ҷумла, соли 2018 ӯ дар озмуни телевизионии «Rising Star» дар Ҳиндустон ширкат варзида, бо иҷрои таронаи «Хатуба» таваҷҷуҳи доварон ва тамошобинонро ҷалб карда буд.
Қадрдонии ин ҳунарманди тоҷик дар Дубай метавонад барои муаррифии бештари санъати эстрадии Тоҷикистон дар муҳити байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
 
 
  Бахтовар

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД