arzon replenishment
Шогун Давлатбекова: Мушкили асосии театр маоши кам аст
1011


Шогун Давлатбекова ҳунарманди ҷавони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аст, ки даҳ сол мешавад рӯйи саҳна нақш меофарад.

Ӯ аз ҷумлаи ҳунарпешаҳои ҷавону ояндадору умедбахши театру синамои тоҷик аст, ки сол ба сол ҳунараш тақвият ёфта, нақшҳои офаридааш далели давомдиҳандаи кори устодони соҳа буданаш ҳастанд.

Мо бо ин бонуи ҳунар доир ба нақшҳои иҷрокарда, мушкилоту рисолати ҳунармандон, маоши театр, акси хотиравӣ бо Президенти кишвар, ҳаёти оилавӣ ва дигар паҳлуҳои зиндагиаш суҳбат кардем, ки фишурдаи он манзури шумо мегардад.

- Ҳоло пайи кадом корҳоед ва умуман як шабонарӯзатон чӣ гуна мегузарад?
- Рӯзи ман аз табассуми Ширин - писари чормоҳаам оғоз мешавад ва бо “алла”-хонӣ анҷом меёбад. Вақтамро бисёртар бо писарам мегузаронам ва ҳамчунин ба корҳои эҷодии шавҳарам ёрӣ мерасонам.
- Чӣ гуна ба касби ҳунарпешагӣ шавқ пайдо кардеду ин соҳаро омӯхтед?
- Халқи мо иду ҷашнҳои зиёд дорад, ки замони кӯдакиву наврасӣ дар зодгоҳам Бадахшон онҳоро бо тантанаи хос қайд мекардем. Дар маҳаллаву мактаб, ки чунин маросимҳо доир мешуданд, ман ҳамеша яке аз фаъолон будам. Кӯшиш мекардам, ки саҳме дошта бошам ва фикр мекунам аз ҳамон замон шавқи дар саҳна будану ҳунарро тақвият додан пайдо шуд. Шукр, шавқу ҳаваси кӯдакиву наврасиро сарфи назар накарда, то имрӯз расидам.
- Ба ҷуз ҳунарпешагӣ вақти хатми мактаби миёна ягон касби дигарро интихоб кардан намехостед?
- Аксари мактаббачагон замони мактабхонӣ чанд касбро дӯст медоранд ва дар охир дар риштае таҳсил мекунанд, ки ба дилашон наздиктар аст. Дар рӯйхати касбҳои дӯстдоштаи ман ҳам чанд касб буд ва дар баробари ҳунарпешагӣ рӯзноманигорӣ ҳам буд.
- Аз нигоҳи шумо ҳунар чисту ҳунарманд кист?
- Ҳунар ганҷ аст, ҳунарманд соҳиби ганҷ.
- Ҳунарпешаи воқеӣ кист?
- Аз нигоҳи ман ҳунарманди воқеӣ шахсест, ки дар ҳама ҳолат ба ҳунараш содиқ мемонад ва ҳеҷ гоҳ ба он хиёнат намекунад. Аз ҳама муҳим, рисолати касбиашро, ки ба ҷомеа ғизои маънавӣ додан аст, иҷро менамояд.
- Кор дар театр чӣ гуна аст, оё барои шумо созгор аст?
- Ба ин савол ҷавоб додан бисёр мушкил аст. Ношукрӣ намекунам, аммо имрӯз танҳо бо маоши театр зиндагиро пеш бурдан осон нест, вале Худоро шукр. Дар театр ба ҷуз маош дигар мушкиле вуҷуд надорад, ҳам фазо, ҳам муҳит ва ҳам муносибати ҳамкорон бисёр хуб аст.
- Яъне, бо маоши театр зиндагиро пеш бурдан имкон надорад?
- Имкон дорад, агар театр дар Аврупо бошад.
- Таъсири як нақш ва як асар дар хотираи ҳунарманд то чанд вақт боқӣ мемонад?
- Агар ба нақш меҳр бандӣ, он як умр мемонад. Агар танҳо барои нақшофарӣ бошаду корро анҷом додан кифоягӣ кунад, он пас аз иҷро шуданаш аз хотира меравад.
- Дуруст аст, ки дар ҳар нақш ҳунарманд ҳиссае аз зиндагии худро мебинад?
- Ҳар ҳунарманд метавонад дар замири ҳар қаҳрамони офаридааш заррае ҳам бошад, худро дарёбад. Ҳамин аст, ки коргардонӣ ниҳоят кори душвор аст ва танҳо коргардони воқеӣ ва асил метавонад чунин нақшҳоро тақсим кунад, ки ба ҳунарпешаҳо аз ҷиҳате наздик бошанд.
- Кадом нақшҳои мондагорро дар театр иҷро кардаед?
- Ман ҳеҷ вақт нақшҳои иҷрокардаамро аз якдигар ҷудо намекунам, балки ҳамаи онҳо бароям азизу мондагоранд. Барои ҳамаи онҳо қувва, хотира, вақт... сарф кардаам.
- Чанд сол аст, ки дар театр кор мекунед? Оё дар ин муддат боре фикри тарки коратонро кардаед?
- Даҳ сол мешавад, ки дар театр фаъолият дорам ва дар ин муддат боре ҳам фикри тарк кардани ҷойи корро накардаам. Аммо ҳоло каме беш фикрҳо пайдо шуда истодаанду дудилаам, зеро иҷорашинаму пеш бурдани зиндагӣ осон нест.
- Ҳунарпеша ба ҷуз кори асосиаш боз чӣ гуна метавонад даромади иловагӣ дошта бошад?
- Ҳунарпеша имкони зиёд дорад, зеро лаёқати фикр кардан дорад, ҳунар дорад, маҳоратҳое дорад, ки сари ҳар қадам лозиманд. Яъне, ӯ метавонад дар дубляжи филмҳо саҳм гузорад, бо радиову телевизиону рӯзномаҳо ҳамкорӣ кунад, дар маҳфилҳо ровӣ шавад ва ғайраҳо.
- Аксарият мегӯянд, ки имрӯз мардум ба театр намеравад. Оё ҳамонҳое, ки чунин гила мекунанд, худашон ба театр мераванд ?
- Намехоҳам ба иззати нафси касе бирасам, бигзор ин савол беҷавоб бошад.

- Се мушкилоти театри мо кадом аст?
- Нарасидани коргардон ва маош.
- То кадом андоза аҳли театр ҳоло рисолаташонро назди ҷомеа иҷро мекунанд?
- Ба фикри ман норасоии коргардон то андозае иҷроиши рисолати театрро дар назди ҷомеа коста мекунад.
- Барои ҳунарманд чӣ муҳим аст: озодӣ, пулдорӣ, унвонҳои зиёд ё шуҳрату маҳбубият?
- Ҳамаашон муҳиманд, аммо озодӣ муҳимтар аст.
- Дар саҳифаи Инстаграматон як акс мондаед, ки бо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос мегузоред. Дар бораи ҳамин акс ба мо нақл карда метавонед?
- Ман бисёр хурсанд ҳастам, ки ду маротиба Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз наздик дидаам. Акси мазкур соли 2015 бардошта шудааст, ки вақти санги асос гузоштани Театрӣ миллӣ аст.
- Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?
- Ману шавҳарам, ки эҷодкор ҳастем, бидуни нақшаҳои эҷодӣ зиндагиамонро тасаввур карда наметавонем, аммо онҳоро намегӯем, балки вақташ омад, нишон медиҳем.
- Ташаккур барои суҳбат.
- Саломат бошед.
Меҳрубон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД