Маҳсулоти лозима:
Шоколад – 400 грамм
Хамираи писта – 120 грамм
Равғани маска – 45 грамм
Хамири Катаифи – 250 грамм
Тарзи таҳия:
Аввал дар тоба равғани маска андохта, хамири катаифиро реза карда бирён мекунем, баъд онро дар зарфе гирифта, хамираи пистаро ҳамроҳ ва хуб омехта мекунем. Пасон, шоколадро об мекунем (ҳар навъи шоколаде бошад, мешавад) ва дар қолаби махсуси шоколадтайёркунӣ мегирем. Шоколадро пурра дар қолаб паҳн кардан лозим аст. Шоколадро муддати 1 соат дар яхдон нигоҳ медорем, баъд маҳлули бо писта омодакардаамонро дар байнаш рехта, аз болояш боз шоколад мерезем ва ба ҳар тараф паҳн карда, муддати 2 соат дар яхдон нигоҳ медорем. Шоколад омода шуд. Нӯшатон бод!