Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври шашуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Самарқанд идома дорад, рақобатҳои худро анҷом доданд.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар ин давр бо мунтахаби Чехия рӯ ба рӯ шуда, бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид. Шоҳмотбозони тоҷик Ҷалолиддин Илҳомӣ ва Меҳриддин Шарифов ба мусовӣ расиданд. Дастаи занонаи Тоҷикистон бошад, бар тими Белгия бо ҳисоби 2,5:1,5 пирӯз шуд.
Дар даври ҳафтуми мусобиқа дастаи мардонаи Тоҷикистон бо Бразилия ва тими занона бо Ӯзбекистон-2 рақобат мекунанд.