Arzon march 2024
Шӯҳрат Сайнаков:Бачаи авбош будам, вале…
2998

 

Даричаи ошноӣ.

Шӯҳрат Сайнаков зодаи ноҳияи Рӯшони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро соли 1991 хатм намуда, Шӯҳрат ҳуҷҷатҳояшро ба факултети мусиқӣ ва суруди Донишгоҳи омӯзгорӣ месупорад, вале бо сабаби сар задани низоъ ва нооромиҳои дохилӣ танҳо соли 1998 ба Сайнаков муяссар мегардад, ки донишгоҳро хатм намояд. Пас аз хатми донишгоҳ Шӯҳрат Сайнаков тӯли 10 сол дар донишкада ба шогирдон дарси санъату ҳунар омӯхтааст. Оиладор ва соҳиби ду фарзанди зебост.

Шӯҳрат Сайнаков бо таронаҳои шӯху дилнишинаш кайҳо азизи дили хурду калон гашта, номаш вирди забони мардум аст. Ягон маҳфили нишот бидуни таронаҳои ҷаззоби ин ҷавони булбуловоз намегузарад. Ҷавонони зиёде дар пайравии Шӯҳрат суруд мехонанд ва дар тӯю маъракаҳо таронаҳои дилнавози Сайнаковро месароянд. Ин пайравию тақлидкориҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Шӯҳрат аллакай дар ҷодаи ҳунари овозхонӣ ба пояи устодӣ расидааст ва мактаби худу сабку услуби худро дорад. Бо мақсади аз асрори дунёи ҳунараш воқиф гаштан, мо Шӯҳратҷонро ба идораи ҳафтанома даъват намудем.

-Шӯҳратҷон, аз қулла ба зер нигаристан бисёр шавқовар аст. Имрӯз, ки дар қуллаи ҳунар қарор доред, ба роҳи тайкардаатон нигаред, пеш аз ҳама чиро мебинед?

-Аҳли оилаи моро дар Рӯшон ҳамчун зиёиёни пешқадам мешиносанд. Ҳамаи аҳли оилаамон донишманд буданд, танҳо ман дар байнашон фарқ карда меистодам ва мисли «зоғи сафед» будам.

-Ба кадом манъӣ «зоғи сафед» будед?
-Хуши мактабхонӣ надоштам. Аз таҳти дил намехондам. Синфи шаш мехондам, ки соҳиби аккордеон шудам.

-Авбош будам ва рӯзи дароз ҳофизӣ карда мегаштам гӯед?!
-Бале-бале, авбош будам! Дар муддати кӯтоҳ навохтани аккордеонро ёд гирифта, рӯз то бегоҳу шаб то дергоҳ ҳофизӣ мекардам.

-Ба фикрам ягон тағои зӯр доштед, ки то ин зинаҳо расидед, вагарна чунин машҳур шудани як бачаи кӯҳистонӣ амри маҳол аст…?
-Тағои зӯри ман кӯшишу ғайрати худам буд. Солҳои донишҷӯӣ рӯзҳое мешуданд, ки дар киссаам як пули пучак ҳам набуд ва пойи пиёда ба дарс рафта меомадам, вале рӯҳафтода намешудам. Пеши худ мақсад гузошта будам, ки ҳатман ба қуллаи ҳунар мерасам ва ҳамин орзу маро қувват мебахшиду мадад менамуд, то монеаҳои дар сари роҳ бударо устуворона паси сар намоям.

-Шумо ҳам мисли сарояндаҳои имрӯз шеъру оҳангҳоро мехаридед?
-Шеър намехаридам, чунки шоирони ширинкалому бе миннат ҳамеша ҳамроҳам буданд.

-Кадом шоирон?
-Ҳофизу Бедил, Саъдию Хайём ва Лоиқи ширинкалом. Девони ашъори ин абармардони сухан мудом дар дастам буд ва як лаҳза вақти холӣ ёбам, ҳатман ашъори шакарборашонро мутолиа менамудам. Вақтамро беҳуда сарф накарда, ашъори ин бузургонро аз бар менамудам ва кам-кам оҳанг мебастам. Ҳамин тавр бо кӯшишу ғайрату меҳнати худам дар баҳри нопайдоканори ҳунар заррае бошад ҳам, шиновариро омӯхтам.

-Сурудҳоятонро гӯш карда, пайравӣ карданатонро ба ягон ҳунарманд эҳсос накардам. Наход ягон идеал надошта бошед?
-Ҳар кас идеал дорад, вале ман аз аввал кӯшиш мекардам, ки ба ягон ҳофиз тақлид накунам. Мехостам сабку роҳу равиши худамро ёбам. Хушбахтона, услуби хосаи худро пайдо намудам. Умри инсон бисёр кӯтоҳ аст ва мо бояд аз худамон ному нишону ёдгории хосе гузорем.

-Услуби шуморо на бадахшонӣ гуфта мешавад, на зарафшонию хатлонӣ. Ин чӣ гуна сабк аст?
-Мехоҳам ҳамеша дар миёни ҳунармандон фарқ карда истам, аз ҳамин хотир талош менамоям, ки сирф тоҷикӣ сароям. Яъне, на бадахшонӣ, на хатлонӣ ва на зарафшонӣ. Пурра тоҷикӣ!!!

-Ҳадафи аксари сарояндаҳои ҷавон дарёфти маблағ аст, мақсади шумо танҳо аз худ ёдгории зебои ҳунариро боқӣ мондан асту халос?
-Дар ҳақиқат, имрӯз бархе аз ҷавонон танҳо ба хотири дарёфти маблағ ва ё шӯҳрат ин ҷодаро интихоб мекунанд. Бо чунин ҳадафҳо ҳунарманд муваффақ намешавад. Сарояндаҳое, ки танҳо бо шавқу завқи ба даст овардани пули муфт рӯйи саҳна меоянд, мисли барф тез об мешаванд. Номашон ба зудӣ аз забону аз дили мардум зудуда мегардад. Дар қуллаи ҳунар пирях шудан бисёр душвор аст.

-Шуморо пайваста дар либоси бадахшонӣ мебинем. Либоспӯшиатонро дар саҳна дида, бархе шуморо маҳалбоз мехонад…?
-Зиндаёд Лоиқ Шералӣ басо хуб фармудааст:
Илоҳо беаҷал мирад, касе дорад маҳалбозӣ,
Илоҳо бемаҳал мирад, касе дорад маҳалбозӣ,
Бихобад зуд дар тобут, в-он баттол к-аз кӯрӣ,
Ғазалсозии моро дида пиндорад мағалбозӣ.
Либоси бадахшониро ман ба хотири маҳалгароӣ намепӯшам, балки ба хотири либоси миллӣ буданаш ба бар мекунам. Фикр мекунам, ки либоси миллӣ ифтихори миллати мост. Вақте ба хориҷа меравию дар саҳна бо ин либос баромад мекунӣ, касе намегӯяд, ки ин либоси мардуми Бадахшон аст, либоси тоҷикӣ аст, мегӯянд.

-Шумо тез-тез ба сафарҳои хориҷӣ меравед?
-Бале. Дар Туркия, Эрон, Белоруссия, Украина бо чунин либос баромад кардам, аҳли толор «либоси миллии тоҷикӣ бисёр зебо будааст» гуфта, баъди консерт наздам омада аз кадом навъи матоъ ва чӣ гуна тайёр шудани костюмҳоямро мепурсиданд.

-Шӯҳратҷон, фонограммаро истифода мебаред?
-Манзуратонро фаҳмидам. Имрӯз аксари санъаткорон дар маҳфилҳои тӯёна аз фонограмма истифода мебаранд, вале ман ягон бор дар ягон маърака фонограмма нахондаам. Бечора тӯйдорон бо умед ба тӯяшон артист даъват мекунанд, зинда, ки насароем, беҳтараш магнитофон монда рақсу бозӣ кунанд.

-Сурудҳои дигар ҳофизонро ҳам дар тӯйҳо мехонед?
-Не, ман ҳамеша зинда месароям ва танҳо сурудҳои эҷодкардаи худамро мехонам. Суруди дигар сарояндагонро ҳаргиз намесароям, чунки дуздӣ ҳисоб мешавад. Аз моли дуздидашуда ризқу рӯзӣ ёфтан ҳаром аст.

-Шудааст, ки аз ягон кори кардаатон сахт пушаймон шуда бошед?
-Не, аз ҳар як қадами дар зиндагӣ гузоштаам розӣ ва хурсандам. Медонед, гоҳо одам ягон нобарории корашро дида дилозурда мешавад, вале баъди чанд вақт мебинӣ, ки нашудани ҳамон кор бар фоидаат будааст. Худованд беҳтар медонад, ки ҳар инсон ба чӣ ниёз дорад ва чӣ ба фоидааш асту чӣ бар зарараш, бинобар ин, гоҳо чизҳоеро, ки дар назари мо бисёр зарур менамоянд, намедиҳад.

-Шӯҳрат дар ҷодаи ҳунар марди муваффақ аст, дар оиладорӣ чӣ?
-Ман ба худ аҳд карда будам, ки то ҳамчун ҳофиз машҳур ва муваффақ нагардам, хонадор намешавам. Бахшида ба иди Наврӯз дар пойтахт чорабинии олиҷанобе баргузор гашт. Дар қатори устодони санъат ман ҳам номнавис шуда будам. Сурудам ба мардум писанд афтид ва зиёд кафкубӣ карда, маро боз ба саҳна даъват намуданд. Ман, ки бори аввал дар чунин саҳнаи калон ҳунарнамоӣ мекардам, аз ҳаяҷон дасту пойҳоям меларзиданд. Базӯр худамро ба даст гирифта, се суруди дигар хондам. Тамошобинон бо қарсакҳояшон гӯши фалакро қариб шикоф карданд. Пас аз ҳамон наврӯзӣ муваффақ шуданамро эҳсос намуда, назди арӯси таги чашм кардаам рафтам ва дасту дилашро пурсидам. Шукри Худованд, имрӯз соҳиби ду фарзандем ва хушбахтона зиндагӣ дорем. Кӯшиш менамоем, ки фарзандонамон тарбияи нек гирифта, одамони хуб шаванд.
-Муваффақ бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД