Пӯшидани либосҳои рангаи миллӣ дар мазҳаби мо ҷоиз аст. Аммо пўшидани либосҳои танг ва сиёҳи занона, ҳарир ва дигаре, ки узвҳои баданро намоён мекунанд, тавсия дода намешавад, зеро ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест.
Ин яке аз бандҳоест, ки дар фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон вобаста ба пӯшидани либоси миллӣ зикр шудааст. Гуфта шудааст, ки либос пўшонандаи бадани мард ва зан буда, дар ин бора дар Қуръону ҳадис омадааст, ки «Аврати мард аз зери ноф то зери зону, зан бошад, ғайр аз рўй, пой ва даст аврат мебошад”.
Гуфта шудааст, ки ҳар як халқу миллати ҳавзаи тамаддуни исломӣ либосҳои хоси худро доранд. Сарулибоси мардуми мусулмон вобаста ба шароити замону макон муайян ва тарроҳӣ шудааст. Фарҳанги либоспӯшии занону модарони тоҷик тайи садсолаҳо ба талаботи шариат ҷавобгў мебошад ва дар онҳо одату унсурҳои маҳаллӣ ва хусусиятҳои табиату ҷуғрофӣ ба эътибор гирифта шудаанд. Ба сарулибоси маъмулии занону модарони миллати тоҷик назар андозем, огоҳӣ пайдо мекунем, ки бонувони кишвари мо аксаран либоси миллӣ мепўшанд, ки аз рўймол, курта ва пойҷома иборат аст.
Шӯрои уламои Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи фиқҳи ҳанафӣ чанд фатво медиҳад, ки вобаста ба бар кардани либос мебошад:
1. Тибқи муқаррароти шариати исломӣ ва мазҳаби ҳанафӣ пўшиши (сатри) зан бояд аз рўймол, курта ва пойҷома иборат бошад, ки модарони тоҷик аз қадимулайём онро ба бар мекунанд.
2. Либосҳои миллии анъанавии модарону хоҳарони тоҷик, ки аз рўймол, курта ва пойҷома иборат аст, комилан ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгў мебошад. Аз ин хотир, пўшидани либоси миллии мо дар фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ иҷозат буда, нисбат ба ҳар навъи либоси дигар афзалият дорад.
3. Дини мубини Ислом вобаста ба пўшидани либос муқаррароти хос дорад, аммо дар шакли дўхт ё ранги либос маҳдудият муқаррар накардааст. Бинобар ин, пўшидани либосҳои рангаи миллӣ дар мазҳаби мо ҷоиз аст. Аммо пўшидани либосҳои танг ва сиёҳи занона, ҳарир ва дигаре, ки узвҳои баданро намоён мекунанд, тавсия дода намешавад, зеро ранги сиёҳ аз назари мазҳаби мо ҳатмӣ набуда, бо хусусиятҳои миллӣ ва шароити ҷуғрофии мо низ созгор нест.
4. Бо дарназардошти ин нуктаҳо, Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба модарону хоҳарони азиз тавсия медиҳад, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ либосҳои бо тарҳи миллӣ омодашударо, ки фарогири меъёрҳои ахлоқию динӣ буда, ҳаёву иффати Зан-Модарро инъикос менамоянд ва ба ахлоқу одоби исломӣ мувофиқ мебошанд, ба бар кунанд.
5. Бо мақсади ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва риояи одоби динию мазҳабӣ ва миллӣ сокинон аз пўшидани ҳар гуна либосҳои ба фарҳангу мазҳабу миллати мо бегона ва ғайриахлоқӣ, ки бо ҳадафҳои ғаразнок тарғиб мешаванд, худдорӣ намоянд. Риояи одоби пўшидани либоси миллӣ ҳамчун рукни фарҳанг, василаи муҳими муаррифии миллат ва тақвияти мазҳаби аҷдодӣ, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки оромию суботро кафолат медиҳад, ба ҳисоб меравад. Дини мубини Ислом низ ҳамаи моро масъул гардонидааст, ки барои оромӣ, ободӣ, бародарӣ ва рушди ҷомеа ва миллат саҳмгузор бошем.
Дар бахши ёздаҳуми «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон», ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг нашр гардид, навишта шудааст, ки «барои духтарон ва занон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафису тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастагии бадан намоён мешаванд, либосҳое, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия дода намешавад».