goodwell
Шуъбаи маорифи Нуробод ба қазияи омӯзгори латукӯбшуда вокуниш нишон дод
22.05.2026
Oila.tj
190

Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод вобаста ба латукӯби як омӯзгор аз ҷониби бародари як хонандаи мактаб вокуниш нишон дод.

- Бо дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро вобаста ба ҳодисаи бо омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Нуробод Раҳмонов Муҳимҷон Рустамович рухдода фавран чораҳои зарурӣ андешида шуд. Бо ин мақсад, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорат ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод аз ҳолу аҳволи омӯзгор хабар гирифтанд. Омӯзгор ҳамеша таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамзамон, аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Нуробод низ кумаки молиявӣ расонида шуда, раванди табобат ва барқарорсозии саломатии омӯзгор то пурра сиҳат ёфтанаш таҳти назорати ҷиддӣ қарор мегирад,- таъкид мегардад дар вокуниш.

Гуфта мешавад, ки хушбахтона, омӯзгор аз ташхиси пурраи тиббӣ гузашта, вазъи саломатиаш айни замон хуб арзёбӣ мешавад ва осеби ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ӯ айни ҳол таҳти назорати табибон қарор дошта, аз ҷониби масъулони соҳа пайваста дастгирӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД