Имрӯз тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз бузургтарин идҳои миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Истиқлол барои ҳар давлату миллат арзишмандтарин неъмат буда, омили аслии рушд ва заминаи ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи пешрафту тараққиёти кишвари азизамонро интихоб намоем. Тоҷикистон дар даврони Истиқлол узви чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гашта, равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариб бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монд.
Хотима гузоштан ба ҷанги бемаънии бародаркушӣ ва расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳиби Парчам ва Нишони давлатӣ гаштани Тоҷикистон, ба муомилот баровардани пули миллӣ, таъсиси артиши миллӣ, сохтмони нақбҳои Шаҳристон, Истиқлол, Озодӣ ва Хатлон, сохмони нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун”, «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ба истифода додани марказҳои гарму барқдиҳии Душанбе 1 ва Душанбе 2, таъмир ва бозсозии ҳазорон километр роҳҳои мошингард ва бунёди ҳазорон гектар боғҳои сарсабз аз ҷумлаи меваҳои шаҳдбори даврони Истиқлол мебошанд.
Самараи неки Истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гаштааст, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Хулоса, Истиқлол неъмати бебаҳое мебошад, ки онро мо бояд мисли гавҳараки чашмонамон эҳтиёт кунем.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!