Теъдоди фавтидагон бар асари заминларзаи шаби гузашта дар шимоли Афғонистон ба 20 нафар расида, захмиён аз 200 нафар гузаштаанд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, таконҳои зеризаминӣ 3-юми ноябр, соати 01:29 бо вақти Душанбе рух додаанд. Маркази заминларза дар қаламрави Афғонистон буда, 236 км ҷанубу ғарбтар аз Душанбе, 80 км аз Шаҳритус ва 322 км аз Панҷакент ҷойгир будааст.
Қувваи заминларза чунин будааст:
🔺дар маркази он – 6-7 балл;
🔺дар Душанбе - 4 балл;
🔺дар Панҷакент - 3 балл.
Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, дар қаламрави кишвар харобӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Заминҷунбӣ ҳамчунин дар ҷануби Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Покистон эҳсос шудааст.