formula
“Сиёма Молл” –инқилоб дар бозори Тоҷикистон    
1615

 

Бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар бузургтарин маҷмааи тиҷоратӣ ва фароғатӣ дорои мағозаҳои брендӣ, тарабхонаҳо, кинотеатр ва ғайраҳо мавриди истифода қарор хоҳад ёфт.

Маркази тиҷоратӣ ва фароғатии “Сиёма Молл” тӯҳфаи беҳтарин барои сокинони Тоҷикистон бахшида ба ҷашни умумимиллӣ-Истиқлолияти давлатӣ хоҳад шуд, ки ифтитоҳи он рўзҳои наздик сурат мегирад.

Инак, “Сиёма Молл” ба мардуми тоҷик чӣ навгониву чӣ пайғом меорад?

Дар маркази савдои “Сиёма Молл” навгониҳои ҷадиде роҳандозӣ шудаанд: аз мавзеи ҷойгиршавӣ ва таваққуфгоҳ то майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон. Марказ бо посбонҳо ва камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

 0_02_06_1bae92cad60a4e09448048beabf6d9087c81b5e3fe9be2d496808606a084e74f

Бузургтарин маҷмааи тиҷоратӣ ва фароғатӣ дар Тоҷикистон

0_02_06_71babed15e8e218f8567cefc74a38422a5d2bed348f70753438e8be2e567cd64

Масоҳати умумии маркази тиҷоратӣ ва фароғатии “Сиёма Молл” 24000 метри мураббаъро дар бар мегирад ва ин воқеан њудуди бузурге ба шумор меравад.

Ин як бинои калонест, дорои шумораи зиёди мағозаҳо, анборҳо барои иҷорагирон, кинотеатр, маркази фароғатии кӯдакона, тарабхонаи беназир бо тарҳу услуби юнонӣ, атрофи маҷмааро боғи сабзу хуррам ва фаввораҳо барои сайругашт фаро гирифтааст.

0_02_06_89651954785f9a0f318671c73a0131fda0ba7cd97c110e9ab88ec4b559cddcee

 

Магар тимсоли чунин маҷмааи ҷолибу роҳатбахш дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?

 0_02_06_986aa5d9a332abf48fcc53412d70d5739423f8f5dccd44957349a5e1f3078b7e

Дастрас асту ёфтанаш осон

“Сиёма Молл” дар ҳамсоягиии бозорҳои калонтарини пойтахт “Саховат” ва “Корвон”, дар кӯчаи Фирдавсӣ 8 ҷойгир шудааст. Ба қаламрави маркази тиҷоратӣ ва фароғатии “Сиёма Молл” аз се тараф ворид шудан мумкин аст: аз даромадгоҳи асосии канори роҳ, аз таваққуфгоҳ ва аз ҷониби боғи ба номи А. Фирдавсӣ.

0_02_06_9cddb4b87f457a266d52229a8a0de53f8e050b42e2f319c44a7b46d081efd260

Ҷамъи тамоми мағозаҳои брендии шаҳри Душанбе дар як мавзеъ

“Сиёма Молл” як маркази фароғатӣ ва тиҷоратии беназирест, ки дар он метавонед вақти худро бо камоли майл сипарӣ карда, истироҳати бофароғат намоед.

Дар маҷмааи мазкур як силсила мағозаҳои брендӣ дар як ҷо ҷамъ оварда шудаанд ва ин маънои онро дорад, ки барои харид кардани молҳои лозимӣ дар саросари шаҳр саргардон шуданатон лозим намеояд.

WhatsApp Image 2020-06-17 at 18.28.48

Дар ин ҷо шумо асбобҳои маишӣ, мебел, электроника, либос, пойафзол ва лавозимоти даркориро дастрас карда метавонед.

WhatsApp Image 2020-06-17 at 18.28.48

Маркази савдои "Ёвар", ки дар маҷмааи мазкур воқеъ аст, ба шумо имкон медиҳад, ки ашё ва маҳсулоти гуногуни рӯзгорро барои хона харид намоед. Дар ҳоле, ки дар ин ҷо ҳама чиз дастрас аст, ба ҷои дигар рафтан чӣ лозим?

 Дар фосилаи байни харидкунӣ, шумо имкон доред хӯроки болаззат хӯрда, истироҳат кунед.

Шумо метавонед дар яке аз ошхонаҳои ошёнаи дуввум беш аз чаҳор соат бо танаффус аз хӯрокҳои лазиз ҳаловат баред.

Майдончаи сабзазоршуда барои сайругашт, ки бо фаввораҳо муҷаҳҳаз аст, макони гувороест барои нафароне, ки аз гаштугузори дӯконҳо хаста шудаанд ва аз ҳавои тоза нафас гирифтан мехоҳанд.

 WhatsApp Image 2020-06-17 at 18.28.49 (1)

Имкони бароҳат қабул кардани шумораи зиёди меҳмонон дар як рӯз

Маркази фароғативу тиҷоратии “Сиёма Молл” дар як рӯз то 5000 нафарро қабул карда метавонад, ки метавонанд дар ин мавзеъ чанд соати худро боҳузуру ҳаловати ҷонбахш сипарӣ намоянд.

Таваққуфгоҳи бузург (барои 300 воситаи наќлиёт), ба шумо имкон медиҳад, ки нақлиёти шахсии худро муддати тӯлонӣ тарк кунед, зеро он таҳти ҳимояи боэътимоди хадамоти амниятӣ хоҳад буд.

WhatsApp Image 2020-06-17 at 18.28.50 (1)

“Сиёма Молл” ба таври комил бозори серодамро иваз хоҳад кард, зеро дар ин ҷо ҳама чиз ҷолиб аст ва шароити бароҳат то хурдтарин ҷузъиёт андешида шудааст.

WhatsApp Image 2020-06-17 at 18.28.50

Атриумҳои васеъ ва системаи вентилятсия воридшавии кофии ҳаворо дар дохили бино таъмин мекунанд ва системаи назорати видеоӣ ба шумо имкон медиҳад, ки аз мушкилоти эҳтимолии дар бозорҳо рухмедода хавотир нашавед.

 Калонтарин кинотеатри муосир бо 300 ҷойи нишаст

Маркази фароғатӣ ва тиҷоратии "Сиёма Молл" дорои як минтақаи фароғатӣ бо бузургтарин кинотеатри Тоҷикистон дорои чаҳор толор ва сесад ҷойи нишаст мебошад. Ин маконест, ки шумо метавонед бо як гурӯҳи калон ҷамъ шуда, нахустнамоишњои ҷаҳонӣ ва ҳам филмҳои хуби солҳои пешинаро бо сифати аъло тамошо кунед.

 WhatsApp Image 2020-06-17 at 18.28.51 (1)

Маркази калони фароғатӣ барои кӯдакон

Дар ошёнаи дуввум маркази фароғатии кӯдакон ҷойгир аст. Он дорои як минтақаи виртуалӣ барои кӯдакон ва инчунин як майдони калони бозӣ барои наврасон мебошад. Шифти маҷмаа бо атриуми калон ва тирезаҳо тарҳрезӣ шудааст, ки иншооти мазкурро бо миқдори даркории ултрабунафш ва ҳавои тоза таъмин мекунад. Онҳо ба таври худкор ба обу ҳаво вокуниш нишон медиҳанд ва ҳангоми фаромадани сармо ё боришот баста мешаванд.

Ҳангоме, ки волидон харид мекунанд, кӯдакон дар ин ҷо таҳти назорати хадамоти амниятӣ ба бозиҳо машѓул мешаванд.

 

Аввалин маркази савдо бо меъмории беназир

Банду басти меъмории бинои маркази савдо ба тамоми талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ аст, он махсус барои ҳузуру ҳаловат ва роҳати сокинон тарҳрезӣ шудааст.

Дар бино 4 эскалатор, лифти борбардор ва лифти шаффоф бо атриуми васеъ мавҷуд аст.

Дар якчанд ҷойҳои шифти бино барои ворид шудани нури офтоб тирезаҳои азими шишагин насб карда шудаанд. Паҳноӣ ва баландии долонҳо тавре тарҳрезӣ шудааст, ки мизоҷон аломатҳои ҳамаи дӯконҳои ба онҳо лозимиро бубинанд.

Ба хотири он ки мизоҷон хастагии худро фаромӯш созанд, ороиши дохилии бино бо якчанд унсурҳои бадеӣ ва ҷойҳои махсуси истироҳатӣ муҷаҳҳаз шудааст.

 WhatsApp Image 2020-06-17 at 18.28.51

"Кохи Парфенон" - тарабхонаи олӣ барои баргузории тӯйҳо

Боз як мӯъҷизаи дигари маркази фароғатӣ тиҷоратии “Сиёма Молл” тарабхонаи "Кохи Парфенон" - як бинои амсоли барф барин сафед аст, ки бо услуби меъмории мисрӣ сохта шудааст. Тавассути толори хурди бо ҳайкалчаҳо орододашуда вориди як толори даврашакли азиме мегардед, ки дар он аз боло қандилҳои шишагин овезон ҳастанд.

Дар он як саҳнаи хурд бо проектор, майдони калони рақс, ки бо мусиқии ранга мунаввар карда шудааст ва майдон барои меҳмонон - мизҳои мудаввар ва курсиҳо бо услуби юнонӣ мавҷуд аст.

WhatsApp Image MOLL  2020-06-17 at 18.28.47

Дизайн бо рангҳои сабук анҷом дода шудааст, ки фазои тантанавии махсусро ба вуҷуд меорад.

Дар тарабхона чорабиниҳо ва тӯйҳои калонро баргузор кардан мумкин аст. Бешубҳа, чунин тарабхона макони дӯстдоштаи навхонадорон мегардад.

 Шумораи зиёди иншоот барои иҷорагирони нав

Соҳибкорони мағозаҳои хурду бузурги шаҳр метавонанд барои васеъ намудани тиҷорати худ аз маркази савдои “Сиёма Молл”иҷора гиранд. Шумо метавонед дар як маркази муосири тиҷоратӣ ва фароғатӣ як иншооти комилан навро гирифта, онро бо хоҳиши худ оро диҳед ва аъзои оилаи бузурги тиҷоратии “Сиёма-Молл” шавед.

Барои обложка

Мавзеи қуллай барои иншоотҳои анбор, ки барои бор кардан ва фаровардани мол бо пандус муҷаҳҳаз шудааст, барои иҷорагирони маркази савдо ќулай аст. Бо дарназардошти он, ки ин макон маъмултарин дар байни сокинон ва меҳмонони Душанбе хоҳад буд, шумо як имконияти олие барои боло бурдани маъруфияти мағозаи худ хоҳед дошт.

Маъмурияти маркази савдои " Сиёма Молл " ҳамаи дархостҳоро сарфи назар аз он, ки иҷорагири эҳтимолӣ шаҳрванди Тоҷикистон аст ё хориҷӣ, баррасӣ мекунад. Мувофиқи талаботи шумо барои иҷорагирӣ то ҳол фазои холӣ мавҷуд аст. Шумо метавонед дар ин ҷо мағозаи худ ё фуд-корт кушоед. Дар сурати мавҷуд набудани ҷойҳои холӣ, дархостњои шумо дар навбат гузошта мешавад.

 Нишонӣ: к. Фирдавсӣ 8 (маҳаллаи Боғи Фирдавсӣ)

https://www.instagram.com/siyomamall.tj/

https://www.facebook.com/siyomamall.tj

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД