sebiston july new
Сиёҳпича қисми 1
1413
no-img

                             Дурдонаи кӯҳистон

Дар кӯҳистони дури Вахё дар миёни кӯҳҳои дар сукути фалаксо, дар оилаи марди батақвою сарватманд Сангаки Хабир се нозаниндухтар ба воя мерасиданд, Раъно, Зебо ва Парӣ. Хоҳарон яке аз дигаре зеботар буданду харидоронашон аз мӯи сарашон зиёда, вале Сангаки Хабир духтари аввалашро ба ятими дари хонааш, дувумашро ба як хешаш ва саввумаш Парии нозанинро ба як ҷавони нозанине аз деҳаи ҳамсоя ба шавҳар дод.

Парӣ дар ҳусну малоҳат дар гирду атроф ҳамто надошту аз панҷ панҷааш ҳунар мерехт, аз ин рӯ, дар як муддати кӯтоҳ дар байни хешу табори шавҳар соҳиби иззату икром шуд. Хусураш ду зан ва фарзандони зиёде дошт, ки онҳо ҳама дар як ҳавлии калону барҳаво дӯстона ҳаёт ба сар мебурданд.

Бо омадани Парӣ фазои хонадон дигаргуна гашт, чун ҳар субҳ арӯсак куртаи чаканашро ба бар намуда, зираи нуқрагинашро ба гардан овехта, гӯшвораҳои нуқрагинашро зеби гӯшаш намудаю докаи сафедашро каҷ баста, рӯи ҳавлӣ мебаромад, бинанда мехост ду чашми дигар дошта бошад, то ба серӣ ҷамоли ин нозанинро бубинад.

Пӯсти сафеди абрешимӣ, рухсораҳои гулобиранги арӯс бо докаи сафедаш ба қавле ҷанг мекарданду абрӯвони сиёҳи камонаш дилро шикор. Шавҳараш Камол он қадар шефтаи ҷамоли Парии нозанинаш буд, ки вақти холияшро мудом бо вай    мегузаронид. Ҷавонмард ифтихор аз он дошт, ки Парии серхаридор, дурдонаи кӯҳистони Вахёро Худо насиби вай гардонидаасту равои озори ҳамсарашро надошт.

                           Арӯсаки қобил

Парӣ арӯсаки шашмоҳа буд, ки ба кӯҳистон баҳор омаду мардум дар пояи кӯҳдомани сабзе хайма зада, омад-омади арӯси солро ҷашн гирифтанд. Ин айём барои наварӯсон ва духтарони хона як саҳнаи намоиши истеъдодро мемонд, яке оши бурида мепухту дуввумӣ кашк, саввумӣ навъҳои гуногуни нонро омода месохт, бонувони солортар суманак мепухтанд.

Мардон махсус барои ҳамин ҷашн дар кӯҳдоманҳо танӯр мечаспонданд. Парӣ ҳамроҳи авсунҳояш, ки ду нафар буданд, нони чаппотӣ ва оши бурида тайёр мекарданд. Арӯсак зуволаи оши буридаашро чунон тунук кард, ки аз дидани васеъгии он мардум ба ҳайрат омаданд, баъд бо ошбури махсуси кӯҳистони онро чун мӯй борик бурида, бо як моҳирӣ даста кард.

Торҳои хамири бурида, ки бо қади бурандааш баробар ва калобаи ришта монанд буд, дар дасти Парӣ чунон печутоб мехӯрд, ки марду зан ҳамаро як сӯ монда, ба тамошои он омаданд. Пас аз ба дег андохтани оши бурида Парӣ чанд зуволаи махсусеро, ки худаш аз хамири чаппотӣ канда буд, ба дегдон часпонд, чаппотиҳои чун қоѓаз сафедаш низ хеле калон буданд.

Он рӯз номи Парӣ вирди забони мардум буд, яке мегуфт, ки дар чаппотиҳои пухтааш як ҷавонмардро печонида мешавад, дигарӣ тавсифи оши буридаашро мекард. Аҳли хонадон низ бо келини ҳунарманди хеш ифтихор доштанд, танҳо дар гӯшае ду нафар аз рашк чун мӯи дар оташ афтида мепечиданду аз ин бурд хурсанд набуданд…

                          Авсунҳои бадкор

Ширин ба Гулмо гуфт:-Медонад, ки хушрӯй аст, ноз мекунад, магар кори ҳамин рӯз кардааш кор буд, пеши назари ҳама оши буридаро даста карданашу чаппотӣ пухтанаш?! Чӣ мо наметавонем?

-Айби шавҳари латааш, бо садои пояш лаббай, ки мегӯяд, назараш одамро намегирад,- бод хӯрад сил-силаю шил-шилаҳояшро, мегӯӣ духтари амири Бухоро бошад,- лабонашро инҷ карда, дар тақвияти суханҳои авсунаш иброз дошт Гулмо…

Дар асл Парӣ хеле духтари фурӯтану хоксор буд ва ҳеҷ гоҳ аз зебоияш ифтихор намекард ва он рӯз ҳам танҳо ба хотири обрӯи оилаи шавҳараш ҳунарашро нишон дод ва ин корро занҳои дигар низ карданд. Масалан, кашки пухтаи келини мӯйсафеди Нозимро низ мардум таъриф карданд, аммо авсунҳо инро намефаҳмиданд.

Мардуми кӯҳистон дар ҳавлиҳояшон чоҳҳои калоне кофта, дар даруни он сабзию лаблабу, каротошкаю пиёзашонро аз ин баҳор то баҳори дигар нигоҳ медоранд. Занҳо ҳангоми хӯрокпазӣ дари болои чоҳро барои рӯшноӣ калон кушода, баъд бо зинапоя вориди чоҳ мешаванд ва аз он ҷо маҳсулоти хӯрокворӣ мегиранд.

Азбаски баҳор фаро расида буду маҳсулот низ қариб адо шуда буд, чоҳи кофтаи ҳеварони Парӣ хеле чуқур рафта буд, барои аз торикӣ натарсидани занҳо аслан мардҳо вориди чоҳ мегаштанд.

Як рӯз дар хона касе аз мардон набуд ва Парӣ ба чоҳ даромада, хост маҳсулоти хӯрокворӣ барорад, Гулмою Ширин, ки ҳамин фурсати муносибро мунтазир буданд, дари чоҳро маҳкам карданд. Парӣ дарунӣ торикӣ ба ваҳшат афтода, фарёд бардошт, аммо касе овозашро намешунид…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД