sebiston july new
Сигор ақлро кам мекунад?
2526

 

Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон барои пешгирии бемориҳое, ки аз дуди заҳролуди сигор ба амал меоянд, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тибқи оморҳо, 9 дарсади мардони аз 15 то 59 - солаи аҳолӣ аз тамоку истифода мебаранд.

29 декабри соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул гардид. Мақсади амалӣ намудани ин қонун пешгирии бемориҳо ва нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ мебошад. Тамокукашӣ ва зарари дуди он дар тамоми давраҳои ҳаёти инсон таъсири бади худро ба организм мерасонад.

 Зан сигор кашад, кӣ зарар мебинад?

Баъзан заноне низ ба назар мерасанд, ки тамокуро истифода мебаранд. Мутахассисони соҳаи тиб бар он назаранд, ки зани истифодабарандаи тамоку на танҳо барои саломатии худ, балки ба насли ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Сигоркашии модар сабаби марги ногаҳонии навзод гашта, ҳамчунин аз таъсири никотин маъюбшавӣ ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас мусоидат мекунад.

Таркиби дуди сигор қариб 1200 ва дар худи сигор тақрибан 4000-намуди моддаҳои кимиёвии хатарнок вуҷуд дорад. Дар қатрони тамоку моддаҳои заҳрноки химиявии бензатратсен, изотопи радиоактивии калий ва дигар карбогидридҳо мавҷуданд. Моддаи заҳрнок равғанмонанд буда, аз баргҳои гиёҳи тамоку пайдо мешавад. Дар баргҳои тамоку миқдори никотин аз 1 то 1,5 фоиз ва дар баъзе навъҳояш 6 – 8 фоиз аст. Сигоре, ки 1 гм вазн дорад, аз 10 то 15 мгм никотин мавҷуд аст. Ин модда бештар ба узвҳои асаб, ҳозима, роҳҳои нафаскашӣ, дилу рагҳои хунгард, гурда, масона, ҷигар таъсири манфӣ расонида, инчунин, ба камшавии витамини С дар бадан, паст шудани масъуният, саратони гулӯ (ҳанҷара) ва даҳон, захми меъда ва камшавии вазн мегардонад. Никотин ҷаббиши ғизоро дар рӯдаҳо суст намуда, заҳрнокии онро ба кислотаи синилӣ баробар карданд. Ногуфта намонад, ки аз таъсири дуди тамоку сири дандон, пардаҳои луобии ҳалқ, найчаҳои шуш, шохаҳои хурдтарини онҳо – бронхҳо ва ҳубобчаҳои шуш осеб мебинанд ва асабҳои марказӣ ва канориро ангехта, фишори хунро баланд, хунрагҳои майдаро танг, нафаскаширо тез, тарашшӯҳи ғадудҳои узвҳои ҳозимаро зиёд мекунад. Тибқи қонуни мазкур машғул шудани ноболиғон ба фурўши маҳсулоти тамоку қатъиян манъ аст, вале ба чашм мерасад, ки фурӯшандаҳои маҳсулоти тамокудор, бахусус носу сигор, аз ҳисоби ноболиғон кам нестанд. Тибқи маълумоти Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ дар 5 моҳи соли равон дар кишвар бештар аз 3000 нафар барои вайрон кардани меъёрҳои қонуни мазкур, ки аз маҳсулоти тамокудор истифода бурдаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Чаро сигоркашҳо писардор намешаванд?

Тадқиқоти дигари табибон нишон додааст, ки марду зани сигоркашро хатари аз байн рафтани ҷанини писар мавҷуд буда, эҳтимоли зиёд таваллуд шудани духтар бештар аст ва пас аз таваллуд тифл ба бемориҳои модарзодию дигар бемориҳои азиятдиҳанда гирифтор мешавад. Ин тадқиқот аз сӯи доктор Дилитлигроф дар давоми солҳои 1998 то 2003 дар хусуси 9000 занҳои ҳомила гузаронида шудааст. Доктор Дилитлигроф дар тадқиқоташ нишон додаст, ки занҳои сигоркаш дар вақти ҳомиладорӣ ва ё ба дуди сигор наздиканд, нисбат ба занҳои аз дуди сигор дур буда, 90 фисад аз писардор шудан маҳруманд.

Сигору чилим ҷавононро бадқаҳр мекунад?

Тамокукашӣ яке аз омилҳои асабонияти истифодабарандагон маҳсуб ёфта, дар ноболиғон ва ҷавонон бештар мушоҳида мешавад.

Тамоку ба ҷисми кўдакону наврасон нисбат ба ҷисми болиғон ду маротиба зиёд зарар дорад. Агар наврасон ду-се сигорро паси ҳам кашанд, эҳтимоли ба ҳалокат расидани онҳо имконпазир аст. Онҳо хашмгину бадқаҳр шуда, хоби бароҳатро гум мекунанд, ки дар натиҷа парешонхотирӣ ва фикррониашон заиф мегардад. Тайи солҳои охир дар байни ҷавонон чилимкашӣ ба мӯд даромадааст ки дуди он мисли дуди сигор аз рӯи баъзе нишондодҳо нисбат ба гази карбон хавфноктар мебошад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки бемориҳое, ки дар боло қайд кардем, на танҳо дар байни сигоркашҳо ба назар мерасад, инчунин нафароне, ки дуди сигорро нафас мекашанд, гирифтори ин ё он беморӣ мешаванд.

 Сигор + фаромӯшхотирӣ

Равоншиносон бар он назаранд, ки тамокукашӣ на танҳо мушкилоти тиббӣ аст, балки чиҳатҳои равонӣ низ дорад. Ба андешаи онҳо дар натиҷаи кашидани тамоку асаби инсон то андозае хароб шуда, боиси фаромушхотирӣ ва зуд-зуд асабонӣ шудани шахс мегардад. Тибқи барномаҳои тандурустӣ истифодабарандагони тамоку ба 1,3- млд нафар расидааст. Аз дуди сигор бошад, 5 млн. аз заҳри тамоку мефавтанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» истифодаи сигор ва тамокуро дар дохили биноҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ,   муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, динӣ, варзишӣ, таълимӣ, истироҳатгоҳҳо, толорҳое, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва истироҳатию фароғатӣ гузаронида мешаванд, толорҳои фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, инчунин, дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои он ҷудо кардашуда, манъ аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёр маврид иродаи заиф ва ноустувор метавонад шахсро хеле осон ба доми амалҳои пурхатар афканад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД