Arzon march 2024
Ситораи эстрадаи тоҷик 43-сола шуд!
832



Имрӯз ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин ҷашни милод дорад. Ин ҷавони ситорагарми булбуловоз солҳост, ки ба мутриби ишқи кулли дилдодагон талбид ёфта, ҳамеша дарду доғи ошиқонро месарояд.

Садриддини Наҷмиддин 19-уми январи соли 1980 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Овони бачагию ҷавонии ин овозхони машҳур дар ноҳияи Синои пойтахт гузаштааст. Садриддин бисёр бачаи шӯх ва серҳаракат буда, ба қавли худаш, замони кӯдакиаш “хулигани 1-“и маҳаллаи 33” будааст, аммо баъдтар ишқи ҳунар дар дилаш шӯъла зада, ӯро ба пайроҳаи эҷод мекашонад.
Ҳамин муҳаббат боис гашт, ки Садриддин сароғоз дар назди овозхони маъруфи давр Фурқати Саид шогирд истода, нозукиҳои санъатро аз худ намояд.

Ҷавҳари истеъдод ва ҳунари асилро дар вуҷуди ин ҷавони сабзина, ки садояш мисли асал ширин буд, пай бурда, устодаш барои роҳ ёфтан ба олами ҳунар ба ӯ ёрӣ мерасонад ва Садриддин ба дунёи суруду мусиқӣ ворид гашта, ба эҷоди сурудҳои нахустини худ шурӯъ мекунад.

"Дар синни 16-солагӣ ин ҷавони боистеъдод албоми аввалинашро бо номи “Садои борон” ба ҳаводорони таронаҳои эстрадӣ пешкаш кард. “Афсонаи ишқ”, Гули ноз», «Медони», «Ғарибӣ», «Гоҳе», «Имшаб», «Хоб дидам», «Садои дил», аз зумраи сурудҳои аввалини Садриддин ба шумор мераванд, вале ин таронаҳо он қадар дилнавозу дилчасп буданд, ки вирди забони хурду калон гашта, дар як муддати кӯтоҳ овозхони ҷавонро азизи дили мардум ва гули сари сабади маҳфилҳо гардониданд."


Акнун аз ҳар як кошона, аз бозору мағоза, хуллас аз ҳар як кӯчаву паскӯчаи Тоҷикистон овози махмалини Садриддини Наҷмиддин ба гӯш мерасид ва исми ин ҳунарманди боистеъдод вирди забони хурду калон гашта, мухлисони сершумораш ҳама ҷо думболаш мегаштанд, соядаст мепурсиданд, ба ҳаёти ин ҷавони сар то по ҳунар мароқ зоҳир мекарданд.
Пас аз хатми мактаби миёна Садриддини Наҷмиддин ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дохил шуда, бо муввафақият онро хатм кард.
Дар ин миён шӯҳраташ марзҳоро убур намуда,ин овозхони тоҷикро дар Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳо низ мешинохтагӣ шуданд. Ҳамин тавр мурғи шӯҳрат ба китфи ин ҳунарманди ҷавон нишаста, овозаи садои махмалину истеъоди воло ва таронаҳои дилписанди Садриддини Наҷмиддин ба Аврупову Амрико низ расид ва овозхон тез-тез ба хориҷи кишвар сафар мекардагӣ шуд.
Билохира Садриддин бо аҳли хонаводааш ба Амрико кӯч баст ва инак чанд сол мешавад, ки дур аз Ватан умр ба сар мебарад, аммо...
Садриддин аз Тоҷикистон рафта бошад ҳам, гулхани меҳраш дар дили мардуми тоҷик, дар қалбҳои ҳазорон-ҳазор мухлисони овозаш ҳамоно аланга мезанад. Ҷашни милод муборак, булбули боғи санъати тоҷик!

Ф. Сатторӣ
Меҳроншоҳ Усмонзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД