Oila Navruz
Ситораи Кароматулло аз суманак чанголӣ мепазад
22.03.2022
Оила
1327

-Ситорабону, наврӯз муборак бошад! Занҳои варзобӣ ҳам дар иди наврӯз суманак мепазанд?
-Албатта! Ҳар сол ҳамсояҳо ва занҳои авлодамон дар хонаи мо ҷамъ шуда, суманаки кулчагӣ мепазанд.
-Ҳунарманди хуб буданатонро медонистем, ҳозир мефаҳмем, ки шумо ҳамчун кадбону ба чӣ қодир ҳастед. Канӣ бигӯед, суманаки кулчагиро чӣ хел мепазанд?
-Шумо маро санҷидан мехоҳед? Аввал аз орд, шакар ва шираи полонидаи гандуми сабз хамир шӯрида, аз он кулчаҳо тайёр мекунем. Дар танӯр алов монда, онро нағзакак метасфонем, баъд дар дарунаш чанд хишт мегузорем, то суманак насӯзад. Ба лаълӣ каме равған молида, кулчаҳои суманакро дар он мегузорем ва дар болои хиштҳои дар танӯри тафсон гузоштаатон монда, даҳони танӯрро бо чанд қабат матои ғафс ё гилем маҳкам мекунем, то буғаш ба зудӣ набарояд. Суманаки кулчагӣ дар давоми як –якуним соат мепазад. Он бисёр бомаза буда ва дӯстдоштатарин ширинии ман аст.
-Маълум, ки духтари бо дасту панҷа ҳастед. Офарин!
-Мехоҳед, тарзи пухтани боз як намуди суманакро бароятон нақл кунам?
-Суманаки дегиро дар назар доред?
-Не, чанголӣ аз сумалак.
-Магар аз суманак чанголӣ ҳам мепазанд? Инаш гапи тамоман нав-ку!
-Модарам ҳар иди Наврӯз баъди пухтани суманаки кулчагӣ аз он чанголӣ тайёр мекунанд. Ду- се кулчаи суманакро гармогарм дар табақча майда карда, аз болояш як пиёла маска рехта, бо қошуқи чӯбин то дами бо ҳам омехта шудани маскаю суманак каф занед, чунон чанголии бомаза мешавад, ки ҷони кас аз хӯрданаш ҳузур мекунад!
-Дигар шубҳа надорам, Ситора на танҳо дар саҳнаи ҳунар, балки дар саҳнаи зиндагӣ низ ситора аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД