goodwell
Ситораи Кароматулло: тағои ман истеъдод аст!
57

Ҳунарманди ҷавон ва булбуловози тоҷик Ситораи Кароматулло аз cеюмин Форуми байналмилалии санъати мақом бо ҷоиза ба Ватан баргашт...

Ҷоизаи Шашмақом

Аз 23 то 27-уми июни соли равон дар вилояти Намангони Ӯзбекистон таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва Созмони маориф, илм ва фарҳанги исломӣ сеюмин Форуми байналмилалии санъати мақом баргузор гашт, ки дар он намояндагони 80 кишвари олам иштирок доштанд.

Дар доираи форум конфронси илмӣ-амалии “Тамоюлҳои нав дар мақоми шарқӣ: ҳамоҳангии анъана ва навоварӣ” бо иштироки зиёда аз 100 нафар мусиқишиносон, таърихшиносони санъат ва олимони машҳур аз 50 кишвар баргузор гашта, ҳамчунин байни ҳунармандон аз 18 кишвар озмуни беҳтарин таронаҳои Шашмақом доир гардид.

Ғолибони озмун бо дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҷоизаи асосӣ 15 ҳазор доллар буда, барои ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 7 000 доллар ва ҷойи сеюм 5 000 доллар мукофоти пулӣ муқаррар гашта буд.

Аз ҷониби масъулини чорабинӣ ҳамчунин ҷоизаҳои махсуси иловагӣ дар бахшҳои "Беҳтарин сарояндаи мақом", "Беҳтарин навозандаи мақом", "Беҳтарин устоди мақом", "Беҳтарин маъруфкунандаи мақом", "Беҳтарин иҷрокунандаи ҷавони мақом" ва "Беҳтарин оҳангсози мақом" тақдим карда шуданд.

Сарояндаи ҷавон ва боистеъдоди тоҷик Ситораи Кароматулло низ дар қатори ғолибон ҷой гирифта, бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор доллар қадрдонӣ карда шуд.  

Аз Варзоб то саҳнаҳои ҷаҳон

Ситораи Кароматулло 19-уми декабри соли 1991 дар ноҳияи зебоманзари Варзоб ба дунё омадааст. Ӯ дар оилае ба камол расид, ки муҳаббат ба мусиқӣ ҷузъи муҳими зиндагӣ буд. Падараш Кароматулло Раҳимов навозанда ва мусиқишиносони маъруф буда, солҳои зиёд дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Бешак, ҳамин муҳити фарҳангӣ завқи ҳунариро дар дили духтари ҷавон бедор намуд.

Роҳи ӯ ба сӯи саҳна аз мактаби санъати ноҳияи Варзоб оғоз гардида, сипас дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва баъдан дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон идома ёфт. Омӯзиш назди устоди маъруфи мақомхон Насриддин Очилдиев барои ташаккули ҷаҳонбинии эҷодии ӯ аҳаммияти калон дошт.

Ҳунар - беҳтарин "тағо"

Дар ҷомеа баъзан нисбати ҷавонони муваффақ овозаҳо пайдо мешаванд, ки гӯё пешрафти онҳо ба воситаи пуштибонҳои пурнуфуз таъмин гардидааст. Ба чунин андешаҳо худи Ситораи Кароматулло посухи хеле кӯтоҳ, вале пурмазмун медиҳад: «Тағои ман истеъдодест, ки Худованд бароям лоиқ донистааст.»

Ин суханҳо беҳтарин тавсифи роҳи эҷодии ӯ мебошанд. Солҳои фаъолият нишон доданд, ки эътирофи ӯ пеш аз ҳама маҳсули меҳнат, омӯзиш ва талошҳои пайваста аст. Ҳамин буд, ки ӯ ҳамчун овозхони ансамбли давлатии «Шашмақом» Тоҷикистонро дар Амрико, Корея, Туркия, Олмон, Ҳолланд ва дигар кишварҳо намояндагӣ кардааст. Ба гуфтаи худи ӯ, бисёр мавридҳо пас аз шунидани ҳунараш худи созмондиҳандагони фестивалҳои хориҷӣ аз ӯ барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ даъват ба амал овардаанд.

«Гап дар пул не, дар обрӯст»

Дар замоне, ки бисёре аз ҳунармандон фаъолияти худро пеш аз ҳама бо даромад арзёбӣ мекунанд, андешаи Ситораи Кароматулло қобили таваҷҷуҳ аст. Ӯ мегӯяд: «Гап дар маблағ не, дар обрӯст. Пул имрӯз ҳасту пагоҳ нест, вале обрӯ боқӣ мемонад». Ин ҷаҳонбинӣ нишон медиҳад, ки барои ӯ намояндагӣ кардани Тоҷикистон дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ пеш аз ҳама рисолати фарҳангӣ мебошад. Вақте тамошобинони хориҷӣ баъди консертҳо бо ӯ аксҳои хотиравӣ мегиранд ё бо забони имову ишора эҳтироми худро баён мекунанд, сароянда онро ифтихор аз фарҳанги тоҷик медонад, на танҳо муваффақияти шахсӣ.

Дар паси саҳна

Гарчанде чеҳраи ӯ имрӯз дар аксари чорабиниҳои расмии давлатӣ дида мешавад, дӯстонаш мегӯянд, зиндагии шахсии Ситораи Кароматулло хеле сода аст. Чанд сол пеш блогерон ӯро дар Варзоб дида навиштанд, ки соҳиби бӯстонсарои дакаданг дар Варзоб аст. Ӯ овозаҳоро дар бораи доштани бӯстонсарои шахсӣ дар Варзоб рад карда, мегӯяд, ки танҳо барои дидори падару модараш ба зодгоҳ меравад.

Ҳатто ҳангоми сухан дар бораи шаҳодатномаи ронандагӣ низ бо ифтихор мегӯяд, ки онро бе миёнаравӣ ва танҳо бо дониш ва маҳорати худ гирифтааст.  

Маҳорати худодод

Ситораи Кароматуллло гарчанде ҳунарманди мақомсаро аст, дар жанрҳои дигар, аз ҷумла эстрада низ ҳунарнамоӣ мекунад. Сурудҳояш писанди мухлисонаш асту ӯро ҳамагон дӯст медоранд. Сароянда иқрор мекунад баъзе таронаҳои маъруфаш, аз ҷумла «Нимароҳ» ва «Дарҳоро бастӣ», аз эҳсосоти шахсии ӯ сарчашма гирифтаанд.

Ӯ мегӯяд, ки санъаткор низ инсон аст; дарду ранҷ, вафо ва бевафоӣ барои ӯ низ бегона нестанд. Эҳтимол маҳз ҳамин самимият аст, ки сурудҳои ӯро ба дили шунаванда наздик мекунад.

Ситораи фардо

Имрӯз Ситораи Кароматулло танҳо як овозхони муваффақ нест. Ӯ намояндаи насли ҷавони ҳунармандонест, ки мекӯшанд мероси гаронбаҳои Шашмақом ва мусиқии классикии тоҷикро бо завқи шунавандаи имрӯз муттаҳид созанд. Пирӯзии ӯ дар Форуми байналмилалии санъати мақом бори дигар нишон дод, ки мактаби мусиқии тоҷик ҳанӯз ҳам дорои чеҳраҳои арзанда аст.

Ҳар як муваффақияти чунин ҳунармандон танҳо пирӯзии як нафар нест, он дастоварди фарҳанги миллӣ, мактаби мусиқии тоҷик ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ва то замоне ки чунин садоҳои дилнишин дар саҳнаҳои ҷаҳон танин меандозанд, метавон мутмаин буд, ки фарҳанги тоҷик ҷойгоҳи шоистаи худро дар миёни тамаддунҳои ҷаҳон нигоҳ хоҳад дошт.

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД