arzon replenishment
Ситораи «Титиник» дар хонаи бесоҳибон мурд!
06.08.2022
ОИЛА
991


Ҳунарманди маъруфи бритонӣ Девид Уорнер, ки дар филми машҳури “Титаник” нақш бозида буд, ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт.

Девид Уорнер аз зумраи ҳунармандони ангуштшуморе мебошад, ки номашон дар сар то сари олам ҳамеша вирди забони мардумон аст. Ин ҳунарманди шуҳратёр дар зиёда аз 200 филми ҳунарӣ нақш бозидааст, ки машҳуртаринашон “Титаник”, “Затерянный мир”, “Планета обезьян”, “Бандиты во времени”, “Трон” ва “Омен” мебошанд.

Девид Уорнер дар сар то сари олам миллион мухлису ҳаводор дошт, вале бо ин ҳама шӯҳрату маҳбубият ин ҳунарманди машҳур дар охири умраш хору зор гашта, билохира дар синни 80-солагӣ дар хонаи бепарасторони Денвилл Холл аз олам даргузашт.
“Бо андӯҳи бепоён хабар медиҳем, ки субҳи 24-уми июл қалби яке аз ситораҳои дурахшони синамо Девид Уорнер аз тапидан бозмонд. Уорнер 18 моҳ боз аз бемории саратон ранҷ мекашид ва билохира аз ҳамин касалӣ аз одам даргузашт”-омадааст дар хабаре, ки масъулини хонаи пиронсолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд.

Хонаи бепарасторони Денвилл Хол махсус барои ҳунармандони театр ва кино сохта шудааст, зеро аксари ситораҳои Ғарб бо ҳама дороиву шуҳраташон дар охири умр яккаву танҳо монда, мисли Девид Уорнер дар кӯча мемонанд. Ин хонаи мӯйсафедон ба хотири пуштибонӣ аз чунин ҳунармандон сохта шудааст, то ки дар рӯзҳои душвори ҳаёташон ҷое барои зистан дошта бошанд.
Оре, сарнавишт бо одамони машҳур баъзан чунин бозиҳои бераҳмона мекунад ва ДевидУорнер барин шахсони шуҳратманде, ки миллионҳо мухлису ҳаводорон доштанд, аз ёди ҳама фаромӯш гашта, билохира дар гӯшаитанҳоӣ, дар хонаи бепарасторон ҷон ба ҷонофарин месупоранд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД