goodwell
Ӯсмакашӣ аз байн рафтааст?
109

Ӯсма як навъ гиёҳи маъруфест, ки аз замонҳои қадим дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон парвариш ва истифода мешуд. Барги он ҳангоми соиш додан шираи сабз мебарорад, ки бонувон онро барои ранг кардани абрӯ ва баъзан мӯй истифода мебурданд. Бовар мерафт, ки ӯсма на танҳо ранги табиӣ мебахшад, балки барои мустаҳкам шудани абрӯ низ мусоидат мекунад.

Дар гузашта ӯсмамолӣ яке аз одатҳои маъмули занону духтарон буд. Онҳо пеш аз идҳо, тӯйҳо ва дигар ҷашнҳо абрӯҳои худро бо ӯсма ранг мекарданд. Ин нишонаи зебоӣ, озодагӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб мерафт. Бо гузашти вақт, ин суннат тадриҷан камранг шуд. Яке аз сабабҳои асосӣ пайдо шудани маҳсулоти косметикии муосир мебошад.

Яке аз фоидаҳои асосии ӯсма дар он аст, ки ранги табиӣ дошта, ба абрӯвон зебоӣ мебахшад. Агар ӯсмаро мунтазам истифода баранд, абрӯвон тадриҷан сиёҳтар ва ғафстар мешаванд. Азбаски ӯсма гиёҳи табиӣ аст, бисёриҳо онро нисбат ба маводи кимиёвӣ бехатар медонанд.

Дар гузашта бо фаро расидани фасли баҳор мардум ӯсма мекоштанд ва барои тамоми сол захира мекарданд. Баргҳои тару тозаи онро фишурда, шираи ҳосилшударо ба абрӯвон мемолиданд. Барои истифода дар фасли зимистон бошад, баргҳои ӯсмаро хушк намуда, нигоҳ медоштанд.

Тарзи омода кардани ӯсма чунин аст: Аввал ӯсмаро гирифта дар офтоб каме мегузоранд. Баъди муддате, ки ӯсма мулоим шуд, онро гирифта бо даст соиш медиҳанд. Сипас, оби аз ӯсма ҳосил шударо гирифта ба чашм, абрӯ ва ё мӯй мемоланд. Ӯсмаро 3-4 маротиба ба абрӯ мекашанд, то зебову сиёҳтар гардад. Дар зимистон бошад, ӯсмаи хушкро кӯфта, каме об илова мекунанд.

Ӯсмакашӣ як навъ барои сарҷамъ шудани бонувон хизмат мекард. Чун агар нафаре ӯсма омода кунад, ҳатман панҷ-шаш нафар духтарону бонувонро даъват мекард. Онҳо ба ҳамдигар ӯсма мекашиданд. Ақидае буд, ки агар ба абрӯи касе, ки ӯсма хубтар ранг гирад, ӯро падараш сахт дӯст медорад.

Дар гузашта ӯсмро аз духтарчаи гаҳвора то кампири 100-сола мемолиданд. Зеро ӯсма баробари зебоӣ бахшидан ба чашму абрӯ муфид аст. Замоне бонувон барои зебову сиёҳ шудани абрӯ бодомро низ сӯзонида, мемолиданд. Вале имрӯзҳо маводҳои ороишӣ то андозае боиси аз байн рафтани ӯсмакашӣ ва ё бодомкашӣ гардидаанд.

Сабаби дигар тағйир ёфтани завқу салиқаи мардум мебошад. Бо таъсири мӯди ҷаҳонӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, бисёр ҷавонон тарзи нави ороиши абрӯро интихоб мекунанд. Аз ин рӯ, истифодаи ӯсма дар зиндагии ҳаррӯза нисбат ба гузашта камтар ба назар мерасад.

Ӯсмакашӣ имрӯзҳо бештар дар ҷашни миллии Наврӯз ба назар мерасад. Дар ин рӯз бисёр духтарону занон бо ӯсма абрӯвони худро оро медиҳанд, зеро онро рамзи зебоӣ, тароват ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ медонанд.

Бо вуҷуди ин, ӯсма ҳамчун рамзи зебоии табиӣ ва қисми фарҳанги миллӣ арзиши худро нигоҳ доштааст. Ҳифз ва арҷ гузоштан ба чунин анъанаҳо барои нигоҳ доштани мероси фарҳангии тоҷикон аҳамияти калон дорад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД