Arzon march 2024
Соати тилло бастани марди мусалмон гуноҳ аст?
584

Солҳои охир аксари мардон ба гарданашон зарҷири тиллоӣ меовезанд ё соати тилло мебанданд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин кор гуноҳ аст. Мехоҳам донам, ки бастани соатҳои тиллоӣ ё соати зарди тиллоранг ба марди мусалмон ҷоиз ҳастё не?

Шодварз, ш. Кӯлоб

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Барои занон ҷоиз аст, аммо барои мард, агар соат аз тилло ва ё тиллокорӣ карда шуда бошад (яъне заркӯбӣ шуда бошад ва ё ба рӯяш оби тило давондашуда бошад), ҷоиз нест. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

«Тилло ва абрешим ба занони умматам ҳалол гардонида шудааст ва ба мардони умматам ҳаром гардонида шудааст».

Аммо агар ранги он ба тилло монанд бошад, вале тилло набошад, барои мард беҳтар аст, ки онро истифода набарад, то шаъну шарафи ӯ аз иттиҳоми мухолифат варзидан ба Шариати покиза ҳифз шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД