Commerc banl
Собиқ сармеъмори шаҳри Душанбе даргузашт
24.02.2026
Oila.tj
104

Собиқ сармеъмори шаҳри Душанбе ва муовини собиқи раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон Қудратулло Файзуллоев шаби гузашта дар 70-солагӣ даргузашт.

Рӯзноманигор Суҳроби Зиё дар саҳифаи фейсбукии худ дар ин бора хабар дода, гуфтааст, ки ҷанозаи марҳум имрӯз, 24-уми феврал соати 14:00 дар шаҳри Ҳисор, кӯчаи Б. Ғафуров, хонаи 21 баргузор мегардад.

Қудратулло Файзуллоев дар деҳаи Тутакаи шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Мавсуф чандин сол дар вазифаҳои муовини раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон ва сармеъмори шаҳри Душанбе фаъолият дошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД